Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ки паймон чунин буд бар паҳндашт.

Барзу бо аломати миннатдорӣ замин мебўсад.

Рустам низ (Ба Барзў).
Миёнро бибанд аз паи корзор!
Ба ҷанги сипаҳдор ҳушёр бош!
Саратро зи душман нигаҳдор бош!
Барзу. Эй шаҳриёри далер!
Ба бахти ту акнун ба майдони кин,
Кунам дашт монанди дарёи Чин.
Ба пайкон бипўшам рухи офтоб,
Кунам рўз тира бар Афросиёб!
(Ба Рустам).
Дуоям деҳ, паҳлавони дунё!
Рустам. Худо, дар паноҳаш нигаҳбон бошад туро!
(Барзуро ба оғўш мегирад. Барзу заминро бўсида чолокона меравад).

Ровиён дар саҳна:
Барзў бипўшид ҷавшан ба кирдори бод,
Яке тарки чинӣ ба сар биниҳод.
Чу ошўфта шере баромад ба асп,
Ҳаме тохт бар сони Озаргушасп.
Каманде ба фитроку гурзе ба даст,
Зи шодӣ набуд ба зин – бар нишаст.
Хўрушону ҷўшон чу дарёи об,
Биёмад ба наздики Афросиёб.

Майдони набард. Аз як сў Барзу, тарафи дигар Афросиёб ворид мешаванд.

Барзу. Ки эй турки баргаштабахт,
Ки гиряд ҳаме бар ту бар тоҷу тахт?
Ба найранги дастон ба ҷанг омадӣ,
Ба кирдор бар дуда нанг омадӣ!

пешина
аз 315
навбатӣ