Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Афросиёб. К-эй девзод!
Ки номи падарро надорӣ ба ёд!
Кунун разм ҷўӣ ба овардгоҳ?
Туро шарм н-ояд зи шоҳу сипоҳ?
Куҷо рафт Хусрав, ки-номад ба ҷанг?
Битарсид, гўй, зи чанги паланг?
Ҳамоно надорад ба дил дарду кин,
Варо аз чӣ хонанд шоҳи замин?
Маро нанг бошад зи пайкори ту,
Чӣ гўям ба майдон зи кирдори ту.
Ту баргард, то Хусрав ояд ба разм,
Наҷўянд шоҳон ҳама ҷои базм.
Чу Хусрав кунад чангро орзўй,
Намонад ба гетӣ бадандеш ўй.

Барзу. Найранг ба кор набар, эй бадандеш! Туро кор ба Хусрав набошад.
Афросиёб. Ман ўро ба набард хонда будам. Бигузор ў ояд.
Барзу. Ба ҷои ў ман омадам!
Ба-д ин чора аз ман наёбӣ раҳо,
Агар гардӣ аз ҷодуи аждаҳо!
(Инро гуфта Барзу гурзи гаронашро бардошта ба Афросиёб ҳуҷум мекунад).
Афросиёб (чун шери жаён ғуррида).
... чун пил мастӣ кунӣ,
Набарди маро пешдастӣ кунӣ?
Набошӣ ба як захми ман пойдор,
Ба майдон чу ту мард хоҳам ҳазор.

(Вай сари таркаши тирро баркушода ҷониби Барзу равон мекунад. Захми пайкон ба паҳлўи Барзу мерасад. Вай захмин мешавад. Афросиёб гирд-гирди ў чарх мезанад. Ва худ ба худ мегўяд).
Набояд, ки бо ин гави номҷўй,
Ба майдони кина дарорӣ ту рўй.
Ба чора магар хаста гардад ба тир,
Ба ногоҳ гардад ба бандам асир.
Барзу. Хаёли хом мекунӣ, эй бадкуниш!

пешина
аз 315
навбатӣ