ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ки чун ман набошад ба гетӣ далер,
Инро гуфта Афросиёбро тирборон мекунад. Боз афту дарафт.
Набард дуру дароз тўл мекашад. Тирашон ниҳоят тамом мешавад, вале каси мағлуб муайян намешавад. Ҳарду хаста шуда рўи замин дароз мекашанд. Лаҳзае дам гирифта боз ба набард мехезанд.
Ҳумон (ҳозир шуда ба Афросиёб).
К-эй шаҳриёри далер,
Туро нанг н-ояд зи пайкори ўй?
Ки ту шаҳриёриву ў ҷангҷўй!
Набошад туро дар ҷаҳон ҳеҷ ком,
Ки ин бепадар мешавад зинданом.
В-агар ту шавӣ кушта бар дасти ўй,
Ба моҳӣ гиронда шавад шасти ўй.
Зи Тўрон бароранд аз он пас димор,
Намонанд бар дашти кин як савор.
Бихандад бар ин рой Дастони Сом,
Зи Барзу ба майдон чӣ ҷўй ту ном?
Афросиёб. Ки аз кин дорам ду дида пуроб,
Маро дарди ин бадтар аз Хусрав аст,
Ки дар пеши ман кинахоҳи нав аст.
(Ба Барзу).
К-эй бепадар!
Чӣ дорӣ ба майдон зи мардӣ дигар?
Бандро мепартояд, то Барзуро ба он печонад. Барзу гурзи гаронро гирифта ба сари Афросиёб ҳуҷум мекунад, гурз меафтад.
Афросиёб бо банд болои сари ў меояд. Барзу чапғалат медиҳад.
Боз афту дарафт. Қувваи Афросиёб кам мешавад. Инро дида Шида фиғон мебардорад.
Шида (ба ҳамнабардонаш).
Ҷанг оваред!
Ки ин бепадарро ба чанг оваред!
Мамонед, то назди Хусрав шавад, Зи кин пеши лашкар ҳаме нав шавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо