ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Рустам (ворид шуда ба ҷанговарони эронӣ муроҷиат мекунад).
... андар диҳед!
Ба-д ин размгоҳ дархўреду диҳед.
Набояд, ки бар дашт Барзуи шер,
Ба ногаҳ шавад кушта марди далер!
Ба пеш, ба набард!
Аз ду тараф ду гурўҳ ба ҷанг медароянд. Чанд тан аз ҳар ду тараф кушта мешаванд. Бартарии лашкари Рустам эҳсос мешавад.
Рустам чусту чолок шамшер мезанад, гурз меғурронад. Ғалабаро дарк намуда Рустам ба як гурўҳ фармон медиҳад:
Акнун биравед, бандиёни моро раҳо созед!
Аз он пас ба наздики Хусрав шавем, Ҳама пок бо ҳадяи нав шавем.
Чанд тан паҳлавонҳои ў мераванд. Ҷанги тан ба тан идома меёбад. Баъди фосилае бандиён ба саҳна ворид мешаванд.
Ҷанговарони Афросиёб рў ба гурез мениҳанд. Ҷанговарони Рустам нидои ғолибият баланд мекунанд.
Рустам (Ба Бежан). К-эй номвар!
Ба мардӣ надорад чу ту чарх ёд,
Туро ин зи Тўрон дубора фитод.
Бежан. ... Ки эй паҳлавон,
Надорам ба тан – дар ту гўй, равон.
Чӣ гўям аз ин гунбади лоҷвард,
Ки аз ман, ту гуфтӣ, баровард гард.
Рустам (ба Фаромарз).
Ки эрониёнро чӣ омад ба рўй?
Чаро ту аз он ҷой бартофтӣ?
Ба-д ин размгоҳ тез биштофтӣ?
Фаромарз. Эй сарфароз шер,
Ба ҷоянд гурдони шоҳи далер.
Сипаҳдор Гударзи Рустаму Гев,
Ҳама зинда орам бари шоҳи нев.
Рустам. Пас бирав ва биёвар ононро ба ин ҷо!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо