Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фаромарз. Ба чашм!

Меравад. Афросиёб пайдо мешавад. Вай аз ғазаб меларзад.
Базўр дар по рост меистад.

Афросиёб. Ту барвақт табли шодиёна мезанӣ,
Ман ҳоло зиндаам!
Рустам. Пас биозмой!

Боз набард. Ба ёрии Афросиёб Ҳумон меояд. Вай аз як зарби
Рустам нақши замин мешавад. Афросиёб танҳо мемонад. Ва фурсат ёфта рў ба гурез мениҳад.
Фаромарз (ворид шуда) аз паси Афросиёби гурезон нигоҳкунон бо ханда мегўяд:
К-он турки пархошҷўй,
Ба тўрон сипоҳ андар овард рўй.
Гурезон шуд аз бими марди далер,
Чу нахчир аз ҷанги дарранда шер!
Хусрав (ворид шуда).
Ки душман гурезон ба гетӣ беҳ аст,
Агарчи ба ҳар ҳафт кишвар меҳ аст.
Ба Эрон биронем аз эдар кунун,
Ки бахти накў гаштамон раҳнамун.
Бисозем аз баҳри Барзўй кор,
Чунон чун бувад дархўри номдор.
Рустам (замин бўсида).
К-эй шаҳриёр!
Ба яздони додори парвардигор!
Ки аз орзу барнатобӣ сарам,
К-аз ин кор аз меҳру маҳ бигзарам.
Аз эдар ба айвони банда хиром,
Ба ҷони сипаҳдори фархунда Сом.
Бибошем як моҳ пирўзу шод,
Ба дидори Кайхусрави покзод!
Хусрав (даст ба ҳам зада). Базми тараб ороед! Бари ман руду ромишгар биёваред!
(Садом мусиқӣ, хушнудӣ. Ба Барзу).
Ба мардӣ набошад ба гетӣ-т ҷуфт,

пешина
аз 315
навбатӣ