ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Мехоҳам ба шумо арз кунам, ки ману Ҷамшед сиҳат ва саломат ба манзил расидем. Саломатии волидайн ва хешу ақрабо хеле хуб аст.
Акбарҷон! Ҳар он чиро ки ману Шумо маслиҳат карда будем, ба модарам ҳикоят кардам. Ман бовар доштам, ки модарам хилофи райъи ман намеравад, маро дуруст мефаҳмад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Вай маро бодиққат гўш кард ва ваъда дод, ки барои хушбахтии ману шумо тамоми кори аз дасташ меомадагиро мекунад. Бо падарам гуфтугў мекунад ва албатта ўро розӣ хоҳад кард.
Ҳоли ҳозир ман дар хонаам, ба кор набаромадам. Акбарҷон!
Бароям басо душвор аст, душвор аст, ки ин лаҳзаҳо ту дур аз бари манӣ. Фақат бо сурати ту нигоҳ карда онро бўидаву бўсида худро таскин медиҳам. Ба назарам чунин мерасад, ки атроф ҳама холӣ ва бегона, шаҳр ҳам бароям бегона аст. Ин ҳиссиёт дар ҳаётам бори аввал ба ман рух додааст. Аз худои таъоло талаб дорам, ки туро ҳарчӣ тезтар ба назди ман расонад. Наход ки ишқаш ҳамин бошад? Наход ки алангаи ишқ, ҳамин хел зўр бошад? Илоҳӣ, оқибаташ ба некӣ анҷомад:
Марав аз ман, ки бо ту меравад дунёи рангинам,
Марав аз ман, ки бо ту меравад ғамҳои ширинам.
Агар бо ман гули рўят набошад, хор хоҳам шуд,
Марав аз ман, ки бо ту меравад айёми гулчинам.
Агар аз ман гузаштӣ, бигзарад умрам ба нокомӣ,
Марав аз ман, ки бо ту меравад меҳроби оинам.
Чӣ оромист оромии оби мурдаи соҳил?
Марав аз ман, ки бо ту меравад орому таскинам,
Ту бо ман то ғаме аз ишқ дорӣ, ғам махўр аз ишқ,
Марав аз ман, ки бо ту меравад тўмори зарринам.
Ту, эй дилхоҳи деринам, ту, эй тадбиру тамкинам,
Марав аз ман, ки бо ту меравад табрику таҳсинам.
Ту бо ман то ҷавонастӣ, ҷавонӣ кун, ҷавонӣ кун,
Марав аз ман, ки бо ту меравад ишқи нахустинам.
Иҷозат деҳ, бо ҳамин сатрҳо номаи навбатиамро ба анҷом расонам. Бо умеди рўзҳои нек, бо умеди дидори ширин, Саодати ту.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё