ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Интизори ҷавоби номаам.
9 июли соли 1972.
Ассалом, ҷони ширин ва ҳамдами дерин Саодатхон!
Ба шумо аз шаҳри Душанбе менависам.
Ҷони ширин, мувофиқи ваъда мебоист, ки мактуби шуморо гирифта баъд ба он ҷавоб менавиштам. Вале натавонистам.
Тоқатам тоқ шуд. Охир ман аз рўзи душанбеи даҳуми июл то чордаҳуми июл ҳар рўз ду маротиба ба почтахона меомадам. Вале ҳеҷ не ки номаи ҷавобии шуморо гирам. Ҳайронам, ки чаро ин тавр? Мумкин ному насабамро болои лифофа хато насб карда бошӣ? Не, наход ки ҳамин тавр шуда бошад? Бовар мекунед, ки аз рафтуомад ба почтахона аллакай бо кормандони он шинос шуда мондам. Ҳамин ки маро диданд, ба тарафам нигоҳ карда табассум мекунанд ва байни худ ким-чӣ мегўянд.
Ҷонам, мана ҳамин сабаб шуду ман мактубатро нагирифта пештар мактуб навиштам. Хайр, ин ҳеҷ гап не. Шояд мактубат имрўз ё фардо биёяд. Бо вуҷуди ин иҷозат бидеҳ, чанд сухан дар хусуси кору аҳволи хеш иброз намоям.
Чуноне, ки медонӣ, рўзи шашуми июл соати сеи рўз худат маро гусел намудӣ. Ман он рўз қариб буд, ки ба Кўлоб наравам, чаро ки рейс нашуд. Лекин ман чаққонӣ карда ба рейси ғайримуқаррарӣ савор шуда ҷониби Кўлоб парвоз намудам. Дар нимаи роҳи парвоз сарамро сахт дард гирифт. Болокории ин тайёра болои ағбаҳо пасту баланд парвоз карда касро нороҳат мекард.
Соати панҷуним ба фурўдгоҳи шаҳри Кўлоб фуруд омадем.
Аз он ҷо рост ба ноҳияи Восеъ омадам. Шаб дар бошишгоҳи саҳроии яке аз шиносҳоямон, қаҳрамони арсаи меҳнат Ҳасан-ака хобидам. Ман дар бораи вай ба ту ҳикоят карда будам. Тобистони ин ҷо бисёр гарм будааст. Хомўшакҳо ба кас на дар хона ва на дар сари дашт имкони нафас рост кардан намедиҳанд. Ҳамин буд, ки ин сабилмондаҳо маро дар бошишгоҳ ҳам ором намонданд.
Чашмон ва дасту бозўям варамиданд. Маззаам гурехт. Лекин тоқат кардам.
Рўзи ҳафтум ҳамроҳи вакилонии ноҳияи хамсоя бисёр хоҷагиҳоро аз назар гузарондем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё