Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамон шаб мухбирномаамро навишта рўзи дигар, яъне ҳаштуми июл соати даҳуним пагоҳӣ ба воситаи телефон ба идора хабар додам.
Саодатҷон! Медонед-чӣ, шаби ҳафтум Шумо ба хобам даромадед. Хафа менамудед. Бисёр зиқ шудам. Дигар тоқатам тоқ шуд. Дар он ҷо истода натавонистам. Ва бегоҳӣ рўзи ҳаштум ман аллакай дар Душанбе будам. Рост ба хонаи Матлубаино рафтам.
Онҳо ҳайрон буданд, ки ман чаро ду рўз пеш аз сафар хизматӣ баргаштам. Сир бой надода гуфтам, ки маззаам гурехт ва аз ин рў барвақт омадам. Аз онҳо шуморо пурсон шудам. Гуфтанд, ки туро пагоҳӣ бо тайёра гусел карданд. Дилам андаке қарор гирифт.
Вале аз ваҷҳи он ки шумо дар хона набудед, бисёр ғамгин шудам.
Ба назарам чунин мерасид, ки шумо тамоми вуҷуди маро ҳамроҳи худ бурдаеду фақат рўҳам боқӣ мондааст.
Дар хонаи аҳбоб сўҳбати мо қўр нагирифт. Ҷои ту холӣ буд.
Ба болин такя карда ногаҳон чашмам ба як тори мўи дарози нимаш сафеду нимаш сиёҳ афтод. Ман ин хел мўйро дар сари шумо дида будам. Ва яқин соҳиби мўй шумо будед. Мўйро гирифта хеле вақт бўидам ва баъд бо эҳтиёт ба ҷайб андохтам.
9 июл, рўзи якшанбе бо ҳамроҳии Ҳафиз ба деҳа, назди падару модар рафтам. То ними шаб бо онҳо дар хусуси зиндагии ояндаи ману ту суҳбат кардем. Падару модарам ба хилофи райъи ман чизе нагуфтанд. Баръакс, изҳори шодмонӣ карданд. Ва ниҳоят ба чунин карор омадем, ки баъдии 28 июл ба кор шурўъ мекунем.
Падарам ваъда кард, ки аҷаб не бо ҳамроҳии падари Ҳафиз ва тағоям ба Конибодом хоҳанд рафт. Аз он ҷо ба маслиҳат устодам Ҳалим Салим ва рўзноманигори шинохта Полвон Ўроқ ҳамроҳ хоҳанд шуд. Вақте ки рўзи рафтан аниқ муайян шуд, ба устод тилфон мекунам.
Хайр, дигар чӣ нависам? Аз кору зиндагӣ шикояте надорам.
Фақат ин лаҳзаҳо дар кунҷи дил ҷои Шумо холист. Шуморо, хандаҳои беғаши шуморо, каломи шакарини шуморо, навозиш ва қаҳру ғазаби шуморо пазмон шудам, ёд кардам, ҳамдами дерин!
Оҳ, ҷудоӣ чӣ қадар мушкил аст! Кошки тезтар он рўз мерасиду мо бо ҳам меомадем, дигар аз ҷудоиҳо шиква намекардем.
Ҳа, дарвоқеъ, расмҳоро аз суратгирхона гирифтам.
Мувофиқи ваъда се донаашро бароят мефиристам.
Хайр, ҷони ширин. Туро ғоибона ба оғўш мегирам ва нармнарм мебўсам, мебўсам, мебўсам...

пешина
аз 315
навбатӣ