Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Инҷо имзои муборакатонро гузоред, яъне ки шумо бо фармон шинос шудед ва дигар баҳонае роҳ намеравад». «Чаро баҳона пеш меовардаам, хонум? Дар рўзи ид, дар қабулгоҳи калон навбатдорӣ кардан – ин ифтихори бузург, боварии калон аст ба ин бандаи фақир» гуфта имзои муборакамро гузоштам ва дар дил хурсанд шудам. «Ана, нагуфтам, ниҳоят, фурсат фаро расид. Иншооллоҳ, ба дидори мубораки дўсти дерина мушарраф мешавам. Худо кунад, ки он кас ҳамон рўз дар шаҳр бошанд. Ин ҷо бошанд, албатта ба коргоҳ хоҳанд омад ва дида ба дидор мерасад».
Ниҳоят, он рўзу он лаҳза ҳам фаро расид. Рўзи ид, соат ҳашт нашуда ба қабулгоҳи калон ҳозир шудам. Котиба Моҳирахон (ўро кайҳо боз мешинохтам) аллакай дар ҷои кор буд. Бо ў салому алейк ва ба ид табрик намуда гуфтам, ки «Навбатдорӣ омадам». Вай зуд ба гўшае, ки курсӣ меистод, ҷой нишон дод ва ба зудӣ ба наздам як пиёла қаҳва ниҳод. Ҳарчанд, ки қаҳванўшӣ одати ман набуд, ба хотири илтифоти Моҳира-хонум «ташаккур»
гуфта пиёларо ба даст гирифтам ва чанд ҷуръа нўшидам.
Қабулгоҳ ҳоли ҳозир холӣ, танҳо ману ў будем. Аз ину он сўҳбат карда билохир пурсидам:
– Калон меомада бошанд?
– Бале. Бояд биёянд.
– Хайрият, – гуфтам зери лаб.
Моҳира зери лаб табассум карда пурсид:
– Барои чӣ хайрият мегўяд? Ягон гапи зарур доред?
– Не. Барои он хайрият гуфтам, ки ниҳоят ба дидори дўсти деринаам мушарраф мешавам.
– О, аҷаб-ку. Шумо бо калон шинос?
– Натанҳо шинос, дўстони дерина, нону намакхўр мо.
– Бисёр нағз, бисёр нағз. Худо хоҳад, ман шоҳиди бағалкушоии шумоён мешудаам-да, боз бинед, дар рўзи Наврўз.
Ин фоли нек бошад, устод!
– Кошкӣ, – гуфтам нигоҳамро ба тарафи дари даромад равон карда.
Лаҳзае сукунат ҳукмрон шуд. Бо мақсади шикастани яхи хомўшӣ таърихи ошноиамонро бо калон ба Моҳира мухтасар қисса кардам. Вай бо мароқ гўшу ҳуш шуда буд.
Ба Моҳира ҳикоят мекардаму гоҳ-гоҳе ноаён ҷониби дар менигаристам.

пешина
аз 315
навбатӣ