Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ба куҷо?
– Ба назди шеф!
– Ман ... ҳозир.
Вай оҳиста ба курсӣ нишаст. Гўшаки телефонро бардошт.
Вале камӣ кард мадораш. Сару рўяшро арақи сард пахш кард. Сари дилашро дошт.
Дигарон ба ў эътибор надода аз кабинет берун шуданд.
... Баъди фосилае омада чунин манзараро диданд:
Мобайнӣ чӣ тавре ки нишаста буд, ҳамон тавр беҳаракат, сараш болои миз хам, дар дасти чапаш гўшаки телефон нишастааст.
Чашмони кушода. Вале дар онҳо осори зиндагӣ ҳис намешуд.
Даст расонда буданд, ки гўппӣ карда ба фарш афтод.
... Ана, ҳамин тавр ҳамкори мо Мобайнӣ шодимарг нею...
ғуссамарг шуд.
Албатта ... кори хуб нашуд. Лекин чӣ илоҷ? Мо гуноҳ надорем ...

Соли 1986

МАСЛИҲАТ

Ду рафиқи ҳамсол баъди солҳои зиёди ҷудоӣ бо ҳам вохўрданд. Дар сурат аз ҳамдигар фарқи калон доштанд. Яке кулўлаи хомфарбеҳ, шикамаш пеш дамида ва манаҳаш овезон.
Гўё кўҳ каланд карда бошад, ҳаш-ҳаш мекард. Сари дилаш бенизом шишту хез дошт. Дигарӣ навчаи чусту чолок. Ба қавли мўйсафедон ба қадаш химча намешикаст. Рўяш тоза, дилкаш ва беғубор. Дидагӣ ҳамсол намегуфтанд онҳоро. Гирди пастак ба тахмин даҳ-понздаҳ сол калон менамуд аз навчаи хушсимо.
– Сафаро ба хайр, ҷўра! – пурсид навча. – Аз куҷо меоӣ, ба куҷо шитоб дорӣ?
– Э, чияша мепурсӣ, ошно. Ҳоли зоре дорам ман, – лаб ба шикоят кушод кулўлаи пастак.
– Тинҷӣ ҳаст? – хавотир кашид навча.
– Тинҷӣ, тинҷӣ. Дар суроғи дору дар пом ҳанг намонд. Чор дорухонаи шаҳрамона давр задам. Дар ҳама ҷо «Нест! Нест!
Нест!» мегўянду мемонанд.

пешина
аз 315
навбатӣ