ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– Ҳо, бечорае, канӣ, як назар бинам.
Навча дуру дароз ба дорухат нигариста ниҳоят лабханде кард.
– Ҳа, чиба механдӣ?
– Ҳамту. Намегўӣ, чӣ хелӣ касал дорӣ?
– Ман, ман ... Э чияша мепурсӣ? Саду як рангу пайвандам зириқ-зириқ дард мекунад. Ягон ҷои сиҳатам нест.
– Ҳа, дарди ту бедармон, ҷўра.
– Чӣ, чӣ гуфтӣ? – якбора шўрид пастак.
– Ман гуфтанӣ ки давои дарди ту дар ягон дорухона нест. Бе дарак давида гаштӣ. Худатро ба обу оташ наандоз.
– Чӣ хел нест? Агар набошад, пас чаро дорухат навишта доданд?
– Аз ҷони набаромада умед. Ҳамин гапа ягон бор фаҳмидӣ?
– Сад бор фаҳмидагӣ. Фақат ту монда будӣ ногуфта. Э раве, ба заб одаме арзи дил кардам. – Инро гуфта вай рафтанӣ шуд, ки навча аз оринҷаш дошт.
– Сабўс барин сабук нашав. Ба ту як маслиҳат медҳам.
– Боз чӣ хел маслиҳат?
– Маслиҳат ҳамин ки дгар аз дорухона ба дорухона камтар дав. Ин даводавро дар дигар ҷо кун, ҳў, стадион аст-ку, медонӣ?
– Медонам!
– Ё ягон ҷои дигар, масалан дар пойгаҷо гузарон. Пагоҳӣ, бегоҳӣ ... Баъди як ду моҳ мебинӣ, ки аз касалиҳоят ному нишон намондааст.
– Э, моне, боз масхара мекунӣ. Ба заб одаме арзи дил кардам,
– вай даст афшонда рафтанӣ шуд, ки навча боз аз оринҷаш маҳкамтар дошт.
– Ба ту ҳаққи гапро гуфтам, ҷўра. Гуфтагии мана кун. Агар баъди ду моҳ худат мана кофта ёфта «Ташаккур ба ту, ошно. Акнун фаҳмидам, ки ҳақиқатан дўстам будаӣ» нагўӣ, номамро дигар мекунам.
Вай боз даст афшонда халос шуда рафтанӣ шуд, ки навча даст дод:
– Мана дастам. Гапи мард якто. Ту наков, ман туро мекобам.
Фақат ҳамин ки гуфтагиамро кун. Хуб?
Кулўлаи пастак нимшунаво «хуб» гуфту хайрухушро нася карда рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё