ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– Қоил кардед-ку!
Амриддин китф дарун кашид:
– Худаш чӣ гап?
– Худата ба нодонӣ назан, зуд тарафи магазин дав ... – Ин хел қилиқҳо ҳам доштию то ҳол ...
– Хоксорӣ-да, хоксорӣ.
– Э, худаш чӣ гап? Тинҷӣ-мӣ охир?
– Ба қавли худат саҳифаро чунон гул кунондӣ, ки ...
– Боз худаша ба нодонӣ мезанад-е. Э, бало ту.
– Заб гап задетон-да. О ман қариб ҳар рўз тамоми шумораи газетамона гул мекунонам. Газета бе суратҳои ман намебарояд.
Ҳамин ҳам кирои воҳима шуду. Ман гумон кардам, ки ягон достонам чоп шудааст.
– Хайр, фарқаш-чӣ? Имрўз силсила, пагоҳ достон ...
– Боз чӣ хелӣ силсила? – ҳайронтар шуд Амриддин.
– Ана, боз сар шуд. Боз худаша ба нодонӣ андохт.
– Бачаҳо! Беҳуда худатона азоб надиҳед. Аз ин мумсик мўй канда намешавад. Беҳтараш, биёед шоҳкориҳояшро мутолиа кунем. Канӣ, ин шоири баҷоӣ ба мо чиҳо тўҳфа кардааст.
– Чӣ? Шеър? Шеъри кӣ?
– Шеърҳои кӣ мешуд? Шеърҳои ту-да.
Ҳамон замон бачаҳо Амриддини лолмондаро ба ҳоли худ гузошта ба газета часпиданд. Садои шарақ-шарақ гўшҳоро ба қомат меовард. Сарҳо хам, лабҳо ҷунбон, кавоқҳо овезон ...
– Оббо! Заб шеъре чоп кардааст, – гуфт яке. – Ин хели шеъра ман хоҳам агар, ба поям менависам.
– Дупа-дуруст, – гапи ўро тақвият дод дигарӣ. – Ин шеър не, сафсатта.
– Ҳайфи майдони газета.
– Ҳой бачаҳо. Шумо соқ ё... – Амриддин ангушташро ба чаккаи сар тоб дод.
– Мо-ку соқ, лекин намедонам ба ту чӣ шуд?
– Ба ман ҳеҷ чиз нашудааст. Ман соқ.
– Э, моне. Диламона аз шеър ҳам хунук кардӣ-ку. Пагоҳ ба шефат сим мезанам. Расвогита мебарорам. Шеър менавиштагӣ бошӣ, дурусттар навис. Чӣ лозим ҳам худатаю ҳам хонандая аҳмақ кардан.
– Э, бачаҳо. Илтимос. Дар таги биниям помонак наканед. О, ман ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё