Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале касе Амриддинро гўш накард.
– Ҳайфи пул, – гуфт яке аз онҳо ва газетаро ба сари Амриддин ғуронд: – Ма, худат хон – гуфту бо қаҳр рафт. Дигарон паи ўро гирифтанд.
Вай ... ҳоло ҳам нафаҳмида буд ... Чаро бачаҳо дар қаҳр шуда аз ў рўй гардонда рафтанд. «Чӣ шуда бошад?» – гуфта ба газета чашм давонд. Чашм давонду ба ҳамааш сарфаҳм рафт. Дар саҳифаи адабии «Чашмасор» як силсила шеърҳои ҳамкору ҳамномаш Амриддин бо обу ранги махсус (албатта техникӣ) чоп шуда буданд.
– Фаҳмо, – ғурунгид ў ва ба димоғи сўхта хона даромад.
... Пагоҳӣ бо ҳамон табъи гирифта идора омад. Даст ба дастаи дари кабинети якум бурд. Дар он ҷо одаме менишаст, ки дина боиси озор ва шармандагии вай шуда буд. Тахмин кард, ки Амриддини ҳамномаш ҳоло танҳост. Вай ҳамеша пеш аз ҳама ба кор меомаду машқи шеър мекард. Ҳоло медарояду аз набудани дигарон истифода бурда торсакии обдоре ба баногўшаш мефарорад ва оташи дилашро паст мекунад.
Дарро сахт кашида даромад. Не, шасташ гашт. Кабинет аллакай пури одам буд. Ҳозирон шеърҳои Амриддинро муҳокима доштанд. Амриддини калонӣ ба ҳама дўғ зада гуфт:
– Ҳой! Канӣ, муҳокимаро ба як тараф монед. Куҷоӣ ин шеърҳоро муҳокима мекунед? Ман ин хел шеърҳоро бо почакам менависам.
Кабинет ҳамон замон ях баст. Дами ҳама ба дарун зад. Ин нидои Амриддин раъди дар осмони соф ба амал омадаро ба хотир меовард.
– Ҳайрон нашав, бародар, – рў овард ба ҳамномаш, – ба ту як маслиҳат. Агар шоир шуданӣ бошӣ, дурусттар шав, агар шеър навиштанӣ бошӣ, дурусттар навис. Одама дар пеши дўсту душманаш шарманда накун.
– Чӣ гап шудааст? – аз ҳар тараф чунин нидо баланд гардид.
– Кори шумо набошад! – инро гуфта Амриддин бо ҳамон шасту бо ҳамон валвала дарро сахт аз берун пўшид.
Кабинет аз нав ях баст ...

Соли 1985.

пешина
аз 315
навбатӣ