Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Э, ўй-пуя мон. Тайёрии сафара бин.
– Чӣ хел? О, хона кати маслиҳат накарда ...
– Маслиҳат? Бо кӣ?
– Бо очаи бачаҳо.
– Хаёл мекунӣ, ки вай хурсанд мешавад?
– Ман чӣ донам.
– Гўш кун, кундаи дўзах. Кадом занак мехоҳад, ки отаи бачаҳо расо 24 рўз аз канораш канда шавад. Барои ҳамин маслиҳати хоная як тараф мону зуд рафта розигӣ деҳ, набошад, бе путёвка мемонӣ.
– Ҳамин хел гўям?
– Ҳамин хел гўй.
– О ...
– Боз чӣ «о, о».
– О, маззаи киса нест. Одам ки роҳи дур рафт, бо кисаи холӣ намеравад.
– Гапат дуруст. Лекин наход ки ягон пасандоз надошта бошӣ.
– Каму беш ҳасту ...
– Ҳа, боз чӣ гап?
– О, вай ба нияти ҷуфт кардани сари писари калонӣ. Баъд ин ки пул дар сандуқи занам. Мурад ки лаби пулро кам кунад.
– Ҳм, фаҳмо! – Эшмат лаҳзае ба андеша рафт. Хаёле ба сараш заду рўяшро ба як тараф гардонда зери лаб пичиррос зад: «Ҳа, акнун туро боб мекунам. Лаҳзаи ниқор омад».
– Ҳа, чиба ғур-ғур мекунӣ? – пурсид Тошмат.
– Як маслиҳат аст. Аввал гўй, ки хешу табор, ёру дўст дорӣ?
– Дорам. Лекин дилам намешавад, ки аз онҳо пул қарз гирам.
Қарз ки гирифтӣ, фавран онро баргардондан даркор. Агар худо мана бад бинад, ман одами қарздора.
– Э, ту саросема нашав. Аввал гапа гўш кун. Агар маслиҳати мана гирӣ, кордат болои равған меафтад.
– Хуш-хуш, – чашмони Тошмат мурғак рафтанд.
– Аввал ба ман гўй, ки ягон мол-пол дорӣ?
– Дорам. Як ҷувоначая бароии писарам бонӣ карда истодам.
Насиб бошад, сари тирамоҳ аз аскарӣ меояд.
– Бисёр нағз! Бисёр нағз! Гўш кун. Бача гуфта зиқу зардов нашав. Рисқи вай пешопешаш меояд. Медонӣ, ту чӣ кор мекунӣ?

пешина
аз 315
навбатӣ