Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«МУРАНД ИН ХЕЛ ҶЎРАҲО»

Эшмат кайҳо аз Тошмат қасос гирифтанӣ буд. Пайти мувофиқ меҷўст. Нохост...
Ба Тошмат хабар доданд, ки зуд ба местком равад. Ҳайрон шуд, чаро дигарро нею маҳз ўро даъват кардаанд.
– Чӣ кор кунам? – пурсид аз Эшмат.
– Рав! – ҷавоб дод Эшмат нимғурма.
– Намедонӣ, барои чӣ маро он ҷо ҷеғ заданд?
– Намедонам. Мабодо-ку аз кор прогул накарда бошӣ?
– Аз куҷо? Ман ҳар рўз аз устои смена пештар ба кор меоям.
– Ин хел бошад, фолбинӣ карда намешинем.
– Тинҷӣ бошад, хуб-куя. Вақтҳои охир чашми чапам зуд-зуд мепарад.
– Хавотир нашав. Чашми чапи мард нишонаи хуб дорад.
– Ҳамин хел?
– Ҳова! Ман гуфтаму ту шунав. Аз ин ҷо зиқ меравию аз он тараф мебинем, ки лабат ба гўшат ҳарифона хўрда меоӣ. Бурутота табар ҳам намебурад. Канӣ, зуд рафта биё. Мо ҳам навигария шуниданӣ.
– Хуб, рафтам.
Тошмат рафт.
Баъди ним соат паси сархорон омад. Чеҳрааш ба соне буд, ки дар он на аломати шодӣ хонда мешуду на маъюсӣ.
– Хайр, чӣ гап? Шер ё рўбаҳ?
– Э, ман чӣ донам? – гардан каҷ кард Тошмат.
– Чӣ хел? Канӣ, тезтар носа партою гапа зан.
– Э ман даҳанамба нос надорам. Чаро масхара мекунӣ?
– Масхара накардам. Пишак барин минг-минг накуну гапа дангал гўй.
– Гуфтанд, ки як путёвка омадааст. Онро ба ту ҳамчун коргари пешқадам пешкаш мекунем. Рафта дар лаби баҳри Сиёҳ миёну мангала загаратса карда меоӣ.
– Э, ин навигарии калон-ку. О, пас чаро аз қавоқат ҷола борида истодааст?
– Аз қавоқам ҷола боридагиаш не. Ҳайронам, равам ё наравам гуфта ўй карда истодаам.

пешина
аз 315
навбатӣ