Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кўрпачаҳо ду-се бор тагурў шуданд. Вале ҳайҳот ...
Чашми онҳо ҳатто ба ягон тини зардак ҳам дикка нахўрд. Дар як гўша варақчае мехобид.
Тошмат бо сару рўи арақшор ҳаш-ҳашкунон қоғазчаро ба даст гирифт. Дар он чунин сатрҳо навишта шуда буданд «Дўсти азиз Тошмат! Зиёфат олӣ буд, ташаккур. Ба ту парвози нек, табъи чоқ, истироҳати гуворо ва дидори тоза таманно дорем.
Дўстонат».
Чӣ шўру қиёме бархост байни зану шўй. Ба тасвираш қалам оҷиз аст. Аз байни ҷангу хархаша ҳамин суханҳо радду бадал мешуданд. «Муранд ин хел ҷўраҳо. Обу оши додагим заҳру зуқум шуда тану ҷонашона сўзонда хокистар гардонад». «Э, мардак нашуда мўр» ва ғайраву ҳоказо.
Қисса ба он анҷом ёфт, ки путёвкаи Тошмат ба чанд қисм ҷудо шуда, дар фазои ҳавлӣ ба парвоз омаду ў рўзи дигар бо сару рўи қашқа ҷониби табобатхона роҳ гирифт.

Соли 1988.

ОВОЗИ «ЯГОНА»

Дар яке аз пажўҳишгоҳи бузурги илмӣ барои ишғол намудани курсии директорӣ озмун эълон шуд. Муддаии асосӣ шефи пештара буд. Вай то рўзи овоздиҳӣ тавонист ба бисёриҳо мулоқот орояд, ба таги дилашон ворид шавад. Ба баъзе аз «хатарнокҳо»
курсиҳои мулоим ваъда кард. Ҳама ба ў чунин қавл доданд: «Домулло! Аз мо дилпур бошед! Даҳта овоз дошта бошем ҳам, ба шумо медиҳем!»
Дилаш пур шуд «Худо хоҳад, ин дафъа ҳам забардаст шуда, боз камаш панҷ сол касе курсии мулоимро аз тагам ҷунбонда наметавонад».
Бо ҳамин нияти нек рўзи интихоботро бо беқарорӣ нигарон буд. Он рўз ҳам фаро расид.
Касе, ки аз хонаи овоздиҳӣ мебаромад, ҷониби ў бо чеҳраи шукуфон бо аломати «корҳо ванг, ба шумо овоз додам» менигарист. Ин ҳолро дида қабат-қабат гўшт мегирифт.
Соати ҳисобу китоб ҳам фаро расид. Интихобот ҷамъбаст шуд.

пешина
аз 315
навбатӣ