ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Натиҷа: муддаии мо ҳамааш шуда як (!) овоз гирифт.
Ба фикр фурў рафт ў. Кӣ бошад он ягона шахси дилсўзу ғамхор, мутаккои ў, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирҳалкунанда овозашро ба ў додааст? Фикр карду фикр кард, лек ҳеҷ дарк карда натавонист, кӣ бошад ў? Ғофил аз он, ки худи ўст.
«МУАММО»
Ба Файзалӣ, барои мошинаш кален – вал лозим шуда монд.
Худро ин тараф он тараф зад, пайдо карда натавонист. Ба бозор рафт, нархи наворо дида ҳангу мангаш канд.
Рўзе зиқу малўл аз назди автобаза мегузашт, ки рў ба рўяш шиноси дерина, ҳамдеҳаву хеши дураш Наҷмиддин пайдо шуд.
Онҳо ки ҳамдигарро муддати мадиде надида буданд, оғўш ба оғўш шуда сару рўи ҳамдигарро бўсаборон намуданд. Роҳравон хеле аз ину он сўҳбат карданд. Дар интиҳои гуфтугўӣ пурмўҳтаво Файзалӣ пурсид:
– Канӣ, гап занед, дар куҷоҳо мегардед, пайи кадом коред?
– Ман дар ҳамин атроф, ака. Хўҷаини ҳамин корхона.
– А, ҳа, наход? – лабони Файзалӣ ба гўшҳояш ҳарифона хўрд.
– Муборак шавад, муборак шавад. Чанд сол шуд?
– Панҷ-шаш сол мешавад ...
– Яъне, ки баъди перестройка?
– Ҳа, худи худаш. Яъне замона дигар гашту мо хам соҳиби ҷой гаштем. Ягон хизмат-пизмат бошад, мо тайёр, ака. Аз таги замин ҳам бошад, ёфта медиҳам.
Файзалӣ маншаи ханда кард.
– Ҳа, чаро механдед, ака? Ё бовар надоред?
– Не, не, чаро. Ман ба қобилияту корбудкунии шумо бовар дорам, додари ҷон. Ҳамин хизмат гуфтию ...
– Бемалол, ака. Гуфтан гиред. Ба шумо накунам, ба кӣ мекунам?
– Нағз намешавад. Боз нагўед, ки даст дода ...
– Не, не, ин тавр нагўед ака. Бемалол, як автобусча дорам.
Якта қисмчааш намерасад.
– Чӣ хелӣ қисм?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё