Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он бегоҳ Файзалӣ бории аваал сардие дар қалб, вазниние бар дўш эҳсос намуд. «Одами калон. Саду як ташвиш бар гарданаш бор. Ягон кори зарўраш баромадагист. Худо хоҳад, пагоҳ албатта вомехўрем. Ва мушкили ман мешавад ҳал ...»
Файзалӣ бо нияти дидор субҳи дигар боз ба база омад. Хушбахтона, Наҷмиддинро пайдо кард.
Сардори база гўё ҳеҷ чиз нашуда, ваъдае надода бошад, ба Файзалӣ самимона вохўрд, ҳолу ахвол пурсид, лекин урз пеш наовард. Файзалӣ дид, ки ў хомўш аст, чизи ваъдагиро ёдрас намуд.
– Медонам, ака, медонам. Як кас ваъда карда буд. Бояд ҳамин рўз биёрад.
Аз дили Файзалӣ филфавр гузашт: «О, агар ҳамин тавр ки буд, чаро ваъдаро ба ин рўз надодӣ?», лекин аз зикри он худдорӣ кард.
Наҷмиддин афзуд:
– Биёед, ин тур мекунем, ака. Шумо ба ман адреси хонаро диҳед. Телефонатонро монед. Бегоҳ худам бурда медиҳам.
– О, раҳмат додар, – боз шўълаи умед шамъи хомўшистодаи замири дили Файзалиро мунаввар сохт: – Каму гамро набинед, додар. Маро аз ташвиши омаду рафт халос мекунед. Раҳмат. Шуморо дар хона мунтазир мешавам. Бо ин баҳона хонаи хоксоронаи моро мебинед, як пиёла чой менўшед. Исто, Наҷмиддинҷон, як чизро пурсам. Сабил, вай дафъа фаромўш кардам.
– Хуб, ака.
– Ин запчаст чанд рубл қимат дорад?
Наҷмиддин қоҳ-қоҳзанон хандид:
– Бисёр қимат аст, ако. Зўри шумо намерасад.
– Наход? Пас...
– Парво накунед, зўри шумо нарасад, зўри мо мерасад-ку.
– Ба ҳар ҳол, додар, почака чени кўрпа дароз кардан лозим.
Агар дар ҳақиқат қимат бошад, зўри ман намерасад...
– Эҳ, ака. Ҳоло ҳам ҳамон соддагии кўҳистониатон боқӣ мондааст-да. Наход ман аз шумо барои ду пула чиз пул пурсам.
Читу шуда дар умратон як бор коратон ба ман афтидааст...
– Раҳмат, додар, дасти камиро набинед. Хайр, ман вақти шуморо намегирам. Бегоҳ интизор мешавам.
Онҳо ба ду тараф ҷудо шуданд.
Вақт вазнин мегузашт. Шом ҳам фаро расид. Файзалӣ то як ҳисси шаб роҳи Наҷмиддинро поид.

пешина
аз 315
навбатӣ