Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Кален-вал.
– Ҳмм, ҳеҷ гап не, меёбам. Ҳамин рўза худаш соати чор ягон каса фиристед, ёфта дода мефиристам.
– Э, балотона гирам, Наҷмиддинҷон. Рост мегўед? – чашмони Файзалӣ мурғак рафтанд. Бовараш намеомад, ки ... – ба ростӣ, ҳамин хел?
– Бале, ал ваъдаву дайн.
– Бовар намекунам. Ба худо, ки ... Ман хобам ё бедор?!
– Бовар кунед, ака. Шумо бедор. То сухани шумо шикастана гардани шайтон шиканад.
– Ташаккур, додар. Илоҳӣ, ба ҳазор дароед!
– Намеарзад, ака. Хуб, ман соату чор одами шуморо интизор.
– Э, ман худам меоям, Наҷмиддинҷон, худакам меоям. Шумо ин қадар меҳрубонӣ мекунеду ман боз ягон каси дигарро ...
– Марҳамат, ака, марҳамат. Боз беҳтар. Бо ин баҳона коргоҳи мана мебинед, як пиёла чой менўшед... Агар мабодо набошам, лаҳзае интизор мешавед.
– Э, парво накунед. Лозим шавад, то пагоҳ шуморо интизор мешавам.
– Хуб, то боздид.
Наҷмиддин рафт. Файзалӣ ба ақиб гашта ногоҳ ба фикраш омад, ки «Чаро нархи қисми эҳтиётиро напурсидам. Э, мани бекалла. Аз хурсандӣ ... Хайр, ҳеҷ гап не. Он чанд рубли захиракардаамро соати чор меорам. Агар камӣ кунад, боз мебиёрам мегўям.
Охир мо бегона не-ку...» Файзалӣ бо рўҳи болида ва табъи саршор расо соати чор ба назди база ҳозир шуд. Аз дарбон директорро ҷўё шуд. Дарбон гуфт, ки «чоқамба имрўз директор намешаванд».
Файзалӣ ҳайрон шуд:
– Ягон чиз нагуфт, таъин накард?
– Не. Шояд ба ҷонишинаш таъин кардагист. Вай ҳо, дар он хонача. Ба ҳамон ҷо равед.
– Не, раҳмат. Ба ман худи он кас лозим.
Файзалӣ паси сархорон худро дуртар гирифт. «Шояд меомадагист, камтар маҳтал шавам. Ин дарбон аз куҷо медонад?» Вай бо ҳамин андеша оҳиста-охиста сари роҳ баромад. Рўзи равшан тадриҷан ҷояшро ба шоми тира мебахшид, вале аз Наҷмиддин ҳанўз дараке набуд.

пешина
аз 315
навбатӣ