Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гузошта оҳиста гуфт:
– Расо панҷоҳ ҳазор. Агар кам бошад, боз медиҳам. Ман бегоҳ шуморо дар хона интизор мешавам, – инро гуфта Файзалӣ ба Наҷмиддин маҷоли гап задан надод, аз ҷой бархост ва бадар рафт.
Наҷмиддин: –
– Ака, ҳой ака. Як дақиқа! – гуфта аз ҷой бархост, вале Файзалӣ алакай дафтари кориро тарк намуда буд. Гапаш дар даҳонаш монд.
Наҷмиддин маншаи ханда карда, аввал ба бандчаи пул дуру дароз нигаристу сипас, ғалладонро кушода бастаро бо нўги лелакаш андаруни он тела кард.
Шом нарасида занги дари хонаи Файзалӣ садо дод. Файзалӣ дарро кушода дар остона як ҷавони ношиносеро дид:
– Хонаи акаи Файзалӣ ҳаминай?
– Бале, хаминай. Марҳамат, дароед.
– Не, раҳмат, ака. Хўҷаин барои шумо як чиз дод, ҳаминро овардам, – инро гуфта ҷавон як халтаи целлофаниро аз дар дарун кард.
Файзалӣ зуд ба дарунии халта нигарист. Нигаристу дар лабонаш табассум ҳувайдо гашт. Хандаи заҳролуде кард.
– Ҳа, чаро механдед, ака? Ман шояд хато карда дигар чиз оварда бошам?
– Не, хато накардӣ. Чизи даркориро овардаӣ. Ман ба ҳоли худам механдам, ба нодонии худам механдам. Синну солам ба ҷое расидаасту ҳоло ҳам хомам. Ин корро барвақт кардан лозим буд, ду-се моҳ пештар кардан лозим будааст.
– Кадом корро, ако?
– Инро аз хўҷаинат пурс.
– Хайр, ман рафтам.
– Ташаккур, додар. Чой наменўшӣ?
– Раҳмат. Хўҷаин интизор.
Ҷавон рафт. Файзалӣ дарро пўшид. Аз дарун хандаи осмонкафи вай боз ба фалак печид ...

Соли 1991.

пешина
аз 315
навбатӣ