Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«САРАШУ РАВҒАНАШ»

Яке аз дўстони Файзалӣ ба ў ҳикояте кард. Файзалӣ онро ба ман ҳикоят кард. Ман онро ба хонандагон ҳикоят мекунам.
... Чанд сол аст, ки муҷаррадам. Ба ҳамин карибӣ бахтам хандид. Бо ташаббус ва меҳрубонии як шиносам – ҷавонзани ҷаққону хушгуфтору хушзабон ба ҷавонзани зебое ошно шудам.
Аз рўи нақли пешакии шиносам шавҳари ин ҷавонзан чанд сол қабл аз ин дар яке аз кишварҳои Руссия беному нишон шуда баъди чанде хабари маргаш омадааст.
Аз мулоқоти авал ҷавонзан ба ман маъқул омад. Аҳди ошноӣ бастем. Гуфтамаш, ки агар розӣ шавад, ба ў хонадор мешавам.
«Фикр мекунам» гуфта ваъда дод. Ману ў ҳар як вохўриро бесаброна интизорӣ мекашидем ва баъди ҳар як мулоқот дар китоби сарнавишти мо саҳифаҳои тоза навишта мешуданд.
Рўзе маҳбубаам ба мулоқоти навбатӣ дер омад. Аз чӣ бошад, ки авзояш беҷо, хавосаш парешон буд. Сабаб пурсидам. Аввал «Ҳеҷ гап не, ҳамту ...» гуфта лаб фурў баст. Лекин маҷбураш кардам, сабаби хотирпарешониашро бигўяд.
– Имрўз хоҳархондатон (ҳамоне, ки моро ба ҳам ошно карда буд) маро ба савдо андохтанӣ шуд.
– Аҷоиб! Чӣ хел?
– Ба мулоқоти шумо шитоб доштам. Вай сим зада гуфт, ки «маро интизор шав, ҳозир меоям». Имкон пайдо накардам, ки бигўям: «Ман саросема ҳастам». «Ягон гапи муҳим доштагист»
гўён анҷомамро ғундошта берун баромадам, то ки бо ў дар сари кўча вохўраму гапашро шунавам ва хайрухўш намоям. Медонедку, вай чӣ хел серҷоғ.
Сари роҳ баромада будам, ки мошини напа-нави хориҷӣ, пешу қафояш сип-сиёҳ сигнали дуру дарози гўшкаркунанда дода истод. Ман эътибор надода гузашта рафтанӣ шудам «Мунаввар!»
– овоз баланд кард касе. Гашта нигоҳ кунам, хоҳархонди шумою апахони ман. Аз мошин фаромада ҷониби ман меомад. «Ту балоча, рамузфаҳм. Молодец!» – гуфт ў биқинамро нихта карда ва сару рўямро бўсаборон карда афзуд: «Дар вақташ баромадӣ. Я люблю пунктуальность». Нафаҳмидам, ин суханҳо ба ман чӣ дахл доранд. Бўи ғализи шароб, ки аз даҳони ў меомад, нафратамро овард, худро саҳл ба ақиб кашидам. «Рафтем!» – амр намуд вай.

пешина
аз 315
навбатӣ