Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

имтиҳон супорида, пиромуни қобилияти фикрронӣ, касб, дониши техникӣ, ҳалли масъалаҳои истеҳсолӣ, кор кардан бо коллектив тест супорида, аз ҳар 10 нафар фақат як нафар аз имтиҳон мегузарад ва ба кор қабул карда мешавад. Бинобар ин, коллективи ТОЁТА-Элита ҳайати одамоне мебошанд, ки худро дӯст дошта, барои муассисаи тиҷоратии худ дода шудаанд.

15.5. Сохтори миқдорӣ ва вазифавии кормандон, интихоб ва ташкили шӯъбаҳои кории корхона

Ҳайати кории корхона вобаста ба ҳаҷми корхона, сохтори он, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонӣ, меҳнатталабии ҷараёни меҳнатӣ, дараҷаи механизатсияи истеҳсолот, ҷойгиршавии корхона, миқдори одамони ихтисосманд муайян карда мешаванд.

Ҳамчунин дар тавсифи коргарони корхона «миқдори меъёрӣ»-и он дохил мешавад. Ин шумора дар асоси омӯзишҳои илмӣ дар корхона муайян шудааст. Меъёрҳо дар корхонаҳои давлатӣ аз тарафи вазорату ташкилот муайян карда мешавад ва бо иттифоқи касаба мувофиқ кунонида шудааст. Дар корхонаҳои хусусӣ ва омехта меъёрҳои умумиқабулкардашуда истифода карда мешавад. Аммо, дар ин ҷо меъёри қатъӣ вуҷуд надорад.

Масъалаи миқдори меъёрии коргарон на танҳо мушкилоти корхона, балки ин мушкилоти ҷамъиятӣ буда, масъалаи шуғли аҳолӣ ва миқдори ҷои корро дарбар мегирад.

Илова бар ин ба миқдори меъёрии ҳайати кории корхона инчунин мушоҳидаҳо ба монандӣ меҳнатталабӣ, ҳосилнокии меҳнат ва тақсими кор таъсир мерасонад.

Миқдори меъёрии ҳайати коргаронро институтҳои илмии меҳнат дар асоси таҳлили бисёрсолаи функционалӣ дар соҳаи идоракунӣ ва хизматрасонӣ муайян кардаанд.

Солҳои пеш коэффитсиенти эмпирикии ҳайати роҳбарон, мутахассисон ва хизматрасонони техникӣ 100 нафар муайян карда мешуд.

Ҳисобҳо барои муайян кардани миқдори зарурии коргарон барои корҳои меҳнатталабӣ, меъёри коркард, миқдори ҷои кор муайян мешаванд. Аммо барои

пешина
аз 465
навбатӣ