Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

иттиҳодияи идоракунанда (мудир) мегузашт. Ин тамоилро пайдоиши ҷамъиятҳои саҳҳомӣ тезонид. Дар корхонаҳои шахсӣ имрӯз, чун пештара, моликиятдор дар айни замон соҳибкор ҳам ҳаст. Лекин иттиҳодияҳои ҳозиразамон бештар иттиҳодиявист. Пас соҳибкории иттиҳодиявӣ бо он шарҳ дода мешавад, ки роҳбарии ташкилии техникӣ аз моликиятдор ба намояндаи ваколатдори он менеҷер мегузарад. Ҳамин тариқ, байни соҳибкор ва моликиятдор робитаи қавӣ нест. Барои ҳамин мавҷудияти объектҳои моликият, аломатҳои махсуси соҳибкорӣ набуда, моддикунони соҳибихтиёрӣ, мустақилияти субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад.

Шарҳи табиати иқтисодии фаъолияти соҳибкорӣ бе назардошти шахсияти соҳибкор, махсусан тафаккури иқтисодии он нопурра мебуд. Тарзи соҳибкоронаи тафаккур бо дурравии худ аз чизи одатшуда, кӯҳна фарқ мекунад. Вай нуқтаи назар ва ақидаҳои воқеие оиди қабули қарорҳо мебошанд, ки дар фаъолияти амалӣ татбиқ карда мешаванд. Нақши асосиро дар ин ҷо қобилияти тобеъкунонидани фаъолият барои расидан ба мақсади дар пеш гузошташуда, ғояе, ки одамони сершуморро муттаҳид месозад, мебозад. Аниқ муайян кардани мақсад ин он чизест, ки корчалонӣ ба он асос ёфтааст. Ҳисоби аниқ шарти зарурии ба даст овардани мақсади ягонаи дар пешгузошташуда мебошад. Барои ин ба таври фаврӣ ҷамъ оварданд, кор кардан ва истифода бурдани ахбор аҳамияти калон дорад. Барои иҷрои ҳисобкуниҳо, тартиб додани барномаҳои амалиёт, албатта донишу малакаи мувофиқ лозим аст. Соҳибкор аз ихтироъкор маҳз бо он фарқ мекунад, ки вай дар зинаи ихтироъ намеистад, балки мекушад, ки онро дар амал бо боздеҳи зиёдтарин татбиқ кунад. Дар ин роҳ қатъият, ҷасорат ва пайдарҳамии амалиёт заруранд.

Аз рӯи дараҷаи инкишофи худ соҳибкорӣ метавонад мукаммал ва
номукаммал бошад. Азбаски фаъолияти соҳибкорӣ ҳосили бозор аст, пас вай
бевосита аз хислат ва миқёси муносибатҳои бозорӣ вобаста мебошад. Масалан,
дар мамлакати мо дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ қоидаҳои умумии
ташкили соҳибкорӣ бо душворӣ татбиқ карда мешаванд. Аз як тараф,
мустақилияти корхонаҳо хеле пурзӯр шуда бошад, аз ҷониби дигар, қисми
дигари онҳо корхонаҳои давлатианд ва ин роҳравӣ озодии фаъолияти онҳоро то
андозае танг мегардонад. Ғайр аз ин, монополизми истеҳсолкунандагон, ки

пешина
аз 512
навбатӣ