Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Панҷум, фаъолияти молиявии корхонаи соҳибкориро бе нархгузорӣ тасаввур кардан мумкин нест. Воридот ва содироти буҷавии он мувофиқи талаботи мавҷудаи бозор сурат мегирад.
Дар корхонаи истеҳсолӣ асоси чунин фаъолиятро ҳисобу китоби арзиши аслии маҳсулот ташкил дода, буҷети он ба талаботи нақшаи истеҳсолӣ мувофиқ кунонда шудааст.
Дар бораи ҷиҳатҳои умумӣ ва тафовути фаъолият, ҷиҳатҳои пешқадаму норасоии корхонаи истеҳсолӣ ва корхонаи соҳибкорӣ метавон зиёд ҳарф зад.
Вале алҳол мақсади мо ин нест. Бинобар ин ба зикри ин чанд нуқтаи муҳим иқтифо намуда, барои пурра ва комил шудани тасаввуроту маълумоти хонандагони гиромӣ оид ба соҳибкории коллективӣ баъзе аз шаклҳои мушаххаси онро мухтасаран шарҳ медиҳем.
Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ. Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ яке аз шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ буда, шакли пешқадами соҳибкории коллективӣ ба шумора мераванд ва самаранокии бештари фаъолиятро таъмин мекунанд.
Муассисони ҷамъияти саҳҳомӣ корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот, органҳои давлатӣ, инчунин шаҳрвандон низ шуда метавонанд. Ҷамъияти саҳҳомӣ ҳуқуқ дорад яке аз муассиони ҷамъияти соҳибкории дигар бошад.
Ҷамъияти саҳҳомӣ ба муассиони худ ҳуқуқҳои зеринро медиҳад:
❖ иштирок кардан дар идоракунии корхонаҳои ҷамъият ба тартибе, ки ҳуҷҷатҳои он муайян кардаанд; ❖ гирифтани як қисми фоида аз фаъолияти ҷамъият; ❖ гирифтани ахбор дар бораи фаъолияти ҷамъият, аз он ҷумла, шинос шудан бо маълумотҳои ҳисоби бухгалтерӣ, ҳисобот ва дигар ҳуҷҷатҳо тибқи тартибу низомномае, ки конфронси муассисон муайян кардааст.
Ғайр аз ин, муассисони ҷамъият нисбат ба дигарон дар гирифтани маҳсулот (хизматрасонӣ), ки ҷамъияти саҳҳомӣ истеҳсол кардааст, афзалият доранд.
Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ҳуқуқ доранд дар ҳудуди ИДМ ва берун аз он ширкатҳо ва намояндагиҳои худро кушоянд. Таъсиси ширкатҳо дар марзи ИДМ бо риояи шароитҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки қонунгузории ҷумҳурии мазкур муқаррар кардааст, сурат мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё