Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ширкатҳо ва намояндаҳо аз ҳисоби ҷамъият соҳиби воситаҳои асосӣ ва гардон шуда, дар асоси низомномае, ки ҷамъият тасдиқ кардааст, амал мекунанд. Молу мулки ширкатҳо ва ё намояндагиҳо дар баланси алоҳидаи онҳо ва баланси мустақили ҷамъият бо асосҳои қонунӣ ба даст оварда шудаанд.

Саҳми муассиси ҷамъиятҳои саҳҳомӣ метавонад бино, иншоот, таҷҳизот ва дигар арзишҳои моддӣ, қоғазҳои қимматнок, замин, обу дигар сарватҳои табиӣ, инчунин дигар ҳуқуқҳои молу мулкӣ (аз он ҷумла ҳуқуқ ба моликияти ақлонӣ), маблағҳои пулӣ бо сомонӣ ва асъори хориҷӣ бошад. Арзиши молу мулки додашуда бо қарори якҷояи иштирокчиёни ҷамъият муайян карда мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки молу мулк ба муассисони ҷамъият фақат барои истифодабарӣ дода шудааст, андозаи он ва мувофиқан ҳиссаи саҳҳом аз рӯи иҷорапулӣ барои истифодабарии ин молу мулк барои тамоми мӯҳлати дар ҳуҷҷатҳои муассисии нишондодашуда ҳисоб карда шудааст, ё ки дигар мӯҳлати муқарраркардаи саҳҳомони ҷамъият муайян мешавад, агар дар шартномаи муассисии ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Зарари офатҳои ногаҳонӣ ва дигар зарарҳои молу мулке, ки ба ҷамъият дода шудааст, мувофиқи нишондоди ҳуҷҷатҳои муассисии ба дӯши саҳҳомон гузошта мешавад.

Корхонаи давлатӣ бо ризояти органи давлатии барои ин ваколатдор ва қарори коллективи меҳнатӣ метавонад бо роҳи баровардани саҳмияҳо ба ҳамаи арзиши молу мулки корхона ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил дода шавад. Саҳмияҳо бо роҳи обунаи озод ва ё дар байни ташкилот ва шаҳрвандони дар қарор нишондодашуда паҳн карда мешаванд. Маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ба даст омада баъди пӯшонидани қарзҳои корхонаи давлатӣ ба буҷаи мувофиқ дохил мегарданд.

Нигаҳдорандаи қисми боқимондаи фурӯхтанашудаи саҳмияҳо органи давлатии ба ин кор ваколатдор мебошад. Намояндаи ин орган дар кори маҷлиси умумии саҳҳомон бо назардошти миқдори саҳмияҳояш иштирок мекунад.

Ҷамъияти саҳҳомие, ки бо роҳи табдили корхонаи давлатӣ созмон ёфтааст, соҳиби ҳуқуқҳои он мегардад.

Органи олии идоракунии ҷамъияти саҳҳомӣ маҷлиси умумии саҳҳомон мебошад.

пешина
аз 512
навбатӣ