Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Кори раёсатро раиси он, ки мувофиқи оинномаи ҷамъияти саҳҳомӣ таъин ва ё интихоб мешавад, роҳбарӣ мекунад.
Раёсат ҳамаи масъалаҳои фаъолияти ҷамъияти саҳҳомиро, ғайр аз онҳое, ки ба ваколати қатъии маҷлиси умумӣ ва шӯрои ҷамъияти саҳҳомӣ дохиланд, ҳал мекунад.
Раёсат аз номи ҷамъияти саҳҳомӣ дар доирае, ки низомнома ва оинномаи ҷамъият муқаррар кардааст, амал намояд. Иҷроиши қарорҳои маҷлиси умумиро ташкил мекунад. Раиси раёсати ҷамъияти саҳҳомӣ ҳуқуқ дорад, ки бе бовариянома, аз номи ҷамъият амалиёт гузаронад. Дигар аъзои раёсат низ мувофиқи оиннома соҳиби чунин ҳуқуқ шуда метавонанд.
Комиссияи тафтишотие, ки аз ҷумлаи саҳҳомон ва намояндагони коллективи меҳнатии ҷамъият интихоб карда мешаванд, аз фаъолияти молиявию хоҷагии раёсат назорат мебарад. Ҳайати миқдории комиссияро оиннома муайян мекунад. Тартиби кори комиссияи тафтишотиро маҷлиси умумии саҳҳомон тасдиқ менамояд.
Санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории раёсат бо комиссияи тафтишотӣ бо супориши маҷлиси умумии Шӯрои ҷамъияти саҳҳомӣ, бо ташаббуси худи он, ё бо талаботи саҳҳомоне, ки дар маҷмӯъ дорои зиёда аз 10 фоизи овозҳоянд, гузаронида мешавад. Ба комиссияи тафтишотӣ бо талаби ӯ бояд ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва баёнотҳои шахсони мансабдор пешниҳод гардад.
Комиссияи тафтишотӣ натиҷаҳои тафтишро ба маҷлиси умумии ҷамъияти саҳҳомӣ арз мекунад. Аъзои комиссияи тафтишотӣ ҳуқуқ доранд, ки дар маҷлисҳои раёсат бо овози машваратӣ ширкат варзанд.
20.5. Таҳлили функционалии фаъолияти соҳибкорӣ
Таҳлили давраҳои таърихии иҷтимоию иқтисодии башарӣ нишон медиҳад, ки соҳибкорӣ яке аз намуди фаъолияти башарӣ мебошад, ки бевосита ба талаботи одамон, барои худнишондиҳии шахсияти озод равона карда шудааст. Аз ин нуқтаи назар соҳибкорӣ аз давраҳои аввали ҷамъияти инсонӣ пайдо шудааст. Дар давраҳои гуногуни ҷамъиятӣ дар шаклҳои гуногун амал намуда, доимо омили инкишофи тамаддун гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё