Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Таҳлили функционалӣ имкон медиҳад, ки соҳибкориро дар шакли ҷараёни мураккаб ва алоқаманд ба дигар фаъолиятҳои башарӣ, ки дар дохилашон шаш функцияҳои умумии бо ҳам алоқамандро ҷудо кардан мумкин аст. Амалӣ гардонидани ин функцияҳо мазмуни соҳибкориро ташкил мекунад. Ин функцияҳо чунинанд:
- Муайян кардани талабот ва асосноккунии усулҳои қаноатмандгардонӣ бо роҳи ҷустуҷӯи ақидаҳои нави соҳибкорӣ ва ташкили сохторҳо барои амалӣ гардонидани он (F1).
- Гирдоварии ақидаҳо ва ташкили навоварӣ (F2).
- Захираҳои мавҷуда (F3).
- Идоракунии сохтори соҳибкории ташкилӣ (F4).
- Иҷрои корҳои аниқ барои амалӣ гардонидани фикрҳои соҳибкорӣ (F5).
- Қабул кардан, ё накардан ва ё қисман қабул кардани чизи наве, ки дар ҷараёни фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд омадааст (F6).
Вобаста аз қоидаҳои таҳлили функционалӣ амалӣ гардонидани функцияҳо бо воситаи унсурҳои функционалӣ ҷорӣ мегардад. Ҳамин тариқ, ҷараёни соҳибкорӣ метавонад дар асоси шаш унсурҳои функционалӣ иҷро мегардад. Агар панҷ функцияи соҳибкориро дар як унсури функционалии амалия (E1) ҳисоб кунем, он гоҳ, қабул кардан, ё накардани натиҷа функцияи дуюм (F6) аст. Дар ҳақиқат агар панҷ функция дар як маврид иҷро шавад ин худи соҳибкор мебошад. E2 - ин истеъмолкунанда - функцияи дуюм, яъне ҷамъи шахсони ҷудогонаи ҳуқуқӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии гуногун, ҳизбҳо, ҳатто то органҳои давлатӣ ва ғайра.
Расми 4. Сохтори функционалии ҷараёни соҳибкорӣ — соҳибкории инфиродӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё