Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
- Омӯзиши бозор.
- Омӯзиши фурӯш.
- Омӯзиши хизматрасонӣ.
Ин омилҳо бояд ба стандартҳои баланд мувофиқат кунанд.
Нақшагирӣ ба бозори нақшагирии стратегӣ ин ҷараёни идоракуние, ки бо мақсади ба даст овардан ва нигоҳ доштани баланси устувори мақсадҳо, имконотҳо, захираҳои ташкилот ва имконотҳои нави бозор мебошанд.
Вазифаи банақшагирии стратегӣ — ташкил ва ислоҳоти бизнес ва молҳо бо мақсади инкишоф ва ба даст овардани мақсадҳои гузошташуда мебошад.
Банақшагирии стратегияи маркетинг ин риоя намудани се шарт мебошад:
- Менеҷмент дар асоси раванди идоракунии портфели инвеститсионӣ компания ташкил карда мешавад.
- Баҳодиҳии ояндаи ҳар як намуди фаъолият, омӯзиши нишондиҳандаи инкишофи бозор ва мавқеи корхона дар ҳар як бозори аниқ.
- Стратегия. Барои ҳар як равияи бизнеси корхона нақшаи ба дарозмуддатӣ ба мақсад расидан тартиб дода мешавад.
Шарти асосии санъати маркетингии менеҷмент, ин ба даст овардани хусусиятҳои махфии банақшагирии стратегӣ мебошад. Сохтори ташкилии аксари компанияҳои калонтарин чор дараҷа дорад: иттиҳодиявӣ, дивизионалӣ, воҳидӣ ва молӣ.
Нақшаи маркетингӣ дар ду дараҷа кор карда мешавад:
- Нақшаи стратегии маркетинг, ки дар асоси таҳлили ҳолатҳои бозор ва имконотҳо, мақсадҳои глобалӣ гузошта, ояндаи инкишофро муайян мекунанд.
- Нақшаи тақтикӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои ҷорӣ равона карда шудаанд. Мазмуни асосии ин гуна нақшаҳо ёфтани ҷавобҳо доир ба реклама, тақсимоти молҳо, сиёсати нарх, маҷроҳои тақсимот, дараҷаи хизматрасонӣ.
Нақшаи маркетингӣ асоси ҳамоҳангсозии ҳамаи фаъолиятҳои чорабиниҳои маркетингӣ мебошад. Дар аксари корхонаҳо нақшаи маркетингӣ аз тарафи гурӯҳҳои махсус, ки иборат аз мутахассисони варзида ва иштироки шӯъбаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё