Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

асосӣ тартиб дода мешавад. Давраи пурраи банақшагирӣ, иҷроиш ва назорат дар расми 6 нишон дода шудааст.

Банақшагирӣ
Банақшагирии
иттиҳодияви
Банақшагирӣ дар
сохторҳои таркиб
Банақшагирии
бизнеси воҳидӣ
Банақшагирии
истеҳсолӣ

Иҷрокунанда
Ташкилот
Иҷрокунандагон

Назорат
Ченаки
натиҷаҳо
Баҳо додани
фаъолият
Батанзимдории
фаъолият

Расми 6. Банақшагирии стратегии маркетингӣ.

  1. Банақшагирии стратегии маркетинг дар иттиҳодиҳо ва сохторҳои таркибӣ. Штаб-квартираи иттиҳодия ҷавобгарии пурра оиди ташкили ҷараёни банақшагирии стратегӣ, доираи банақшагирии сохторҳои таркибӣ ва бизнеси воҳидҳо, муайян кардани сиёсати стратегия ва вазифаҳои маркетингии иттиҳодияро дорад.

Асосан штаб-квартираҳо чорабиниҳои зеринро мегузаронанд:
миссияи корхонаро муайян мекунанд;
ташкили стратегияи бизнеси воҳидӣ;
захираҳоро барои стратегияи бизнесӣ ҷудо мекунад;
шаклҳои нави фаъолиятро ба нақша мегирад.

Миссияи корхона асосан аз се хусусияти зерини худ фарқ мекунад:

  1. Диққати асосиро ба миқдори маҳдуди мақсадҳо равона сохтан.
  2. Дар миссияи корхона бояд, ки равияҳои асосии сиёсати корхона ва равандҳои истеҳсолии он нишон дода шаванд.
  3. Миссия муайян мекунад, ки дар кадом «майдони рақобатҳо» корхона фаъолият мекунад.
пешина
аз 512
навбатӣ