Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Расми 7. Ҷараёни банақшагирии стратегии бизнеси воҳидӣ.
Бинобар ин банақшагирии маркетинги замонавӣ нав асосан ба мизоҷон ва рақобат асоснок карда шуда, воқеӣ мебошанд. Дар коркарди нақшаҳо тамоми сохторҳои таркибии функсионалӣ дохил мешаванд. Махсусан мутахассисони бахши маркетинг ва роҳбарони табақаи олӣ дар самти банақшагирии бахши маркетинг пайваста меафзояд. Банақшагирӣ ба ҷараёни бефосилае табдил меёбад, ки ба шароити бозор вобастагии калон дорад. Асосан номи нақшаҳои маркетингивӣ дар шакли «Нақшаи бизнес», «Нақшаи маркетингивӣ», «Нақшаи амалиётӣ» маъмул аст. Аксари нақшаҳои маркетингивӣ барои як сол ҳисоб карда шудаанд. Аз рӯи ҳаҷм нақшаҳо аз 5 то 50 саҳифа мешаванд.
Барои таҳлил ва банақшагирии фаъолиятҳо маркетологҳо системаҳои ахбории географии комплексиро истифода мекунанд. Ин система имкон медиҳад, ки маркетолог таҳлили тамоми нишондиҳандаҳои бозорро вобаста аз мавқеи географию иқтисодӣ таҳлил намуда, ояндабинии стратегии маркетингиро муайян намоянд.
21.2. Таҳлили имкониятҳои маркетингии менеҷмент
Суръати баланди тағйирёбии муҳити беруна доимо дар афзоиш буда, ба бозор такя мекунад ва корхона аз ҳама давра дида бисёр ба ахбор эҳтиёҷ дорад. Пайдо шудан ва инкишофи ин раванд ба омилҳои зерин марбут аст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё