Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
майдони саноатӣ;
майдони маҳсулот ва равияи фаъолият;
майдони мувофиқатӣ;
майдони сегментҳои бозор;
майдони мутамарказшавинии амудӣ;
майдони географӣ.
- Ташкили бизнеси воҳидӣ - фаъолияти аксари ташкилотҳо дар доираи якчанд соҳаҳо амалӣ мегардад. Бизнесро дар доираи фаҳмишҳои гурӯҳҳи истеъмолкунанда, талаботи истеъмолкунанда ва технология.
Корхонаҳои калон равияҳои гуногуни бизнесро идора карда стратегияҳои махсуси худро кор мекунанд. Мисол компанияи General Electric - 49 стратегияи бизнеси воҳидӣ дорад, ки нишонаҳои зеринро доранд:
-
Ягонагии доираи фаъолият (имконоти якчанд равияҳои бо ҳам алоқаманд) банақшагирии онҳо новобаста аз фаъолияти корхона сурат мегиранд.
-
Мавҷудияти рақибон дар ҳар як сегменти бозор.
-
Менеҷери стратегияи бизнес пурра масъулиятро оиди амалӣ гардондани нақшаи стратегӣ ва гирифтани фоида, назорати омилҳои таъсиррасонанда ба фоидаи корхона ба дӯши худ дорад.
-
Тақсими захираҳо барои стратегияи бизнес. Мақсади ташкили стратегияи бизнеси воҳиди кор кардан ва амалигардонии стратегияҳои алоҳида ва молиягузории онҳо. Менеҷерони табақаи олӣ ду модели баҳодиҳии бизнеси портфелӣ кор карда шудааст:
-
Модели бостонии афзоиш.
-
Модели «General Electric», ки мо гуфта гузаштем.
-
Банақшагирии стратегияи шаклҳои нави банақшагирӣ. Мо дар аввал оиди банақшагирии стратегии фаъолияти маркетингии корхона гуфта гузаштем. Умуман ин ҷараён 8 давраро дар бар мегирад.
Дар шароити имрӯзаи олами соҳибкорӣ, афзоиши босуръати рақобатнокӣ, аҷнёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳо ва пайдошавии шаклҳои нави молҳо, биотехнологий, барномаҳои васеи ахбори коммуникатсионии байналхалқӣ ва глобализатсияи иқтисодӣ ба миён меояд, ки он бо худ хусусиятҳои «маркетинги ҳазорсолаи навро мегирад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё