Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

21.4. Қабули қарорҳои маркетингию менеҷмент

Дар аввал назарияи маркетинг фақат молҳои автомобил, чӯян ва дандоншӯйро дар бар мегирифт. Валекин яке аз хислатҳои асосии инкишофи иқтисодии замони ҳозира, ин афзоиши соҳаи хизматрасонӣ мебошад. Дар замони ҳозира дар ШМА қариб 80% ҷойҳои корӣ ба хизматрасонӣ рост омада, 74% ММД-ро дар бар мегиранд. Мувофиқи ахбори оморӣ оид ба шуғли ИМА то соли 2005-ум зиёдшавии ҷойҳои кории холӣ, фақат аз ҳисоби соҳаи хизматрасонӣ ба вуҷуд меояд. Чунин раванд боиси омӯзиши амиқи маркетинги хизматрасонӣ гардидааст.

Соҳаи хизматрасонӣ гуногун мебошад.

  1. Дар соҳаи давлатӣ судҳо, шӯъбаҳои шуғл, табобатхонаҳо, ҳарбиён, милиса, муҳофизати сӯхтор, почта мактаб, ташкилотҳои назоратӣ.

  2. Сектори хусусии ғайридавлатӣ, осорхонаҳо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, масҷидҳо, коллеҷҳо, фондҳо, беморхонаҳо.

  3. Бизнес-сектор соҳаи хизматрасонии ҳавопаймоӣ, бонкҳо, меҳмонхонаҳо, суғурта, ширкатҳои машваратӣ, студияи кино, хизматрасонии об ва ғайра.

Сектори истеҳсолӣ - операторони компютерҳо, муҳосибон, ҳайати ҳуқуқӣ, хизматрасонии «молҳо» ва «хизматрасонии фабрика»-ро дар бар мегирад. Хизматрасонӣ инчунин дар Интернет.

Пешниҳодҳои бозори компания аз як қатор хизматҳо иборат мебошад. Панҷ категорияи таклифоти бозорӣ ҷудо карда мешавад:

  1. Молҳои талаботи рӯзмарра - намак, собун, дандоншӯй. Барои ин молҳо ягон хизматҳои иловагӣ зарур нест.

  2. Хизматҳои иловагӣ ба молҳои зарурӣ, таъмири сантехникӣ, хизматрасонии техникӣ, кафолат, омӯзиши истифодабарандагон ва ғайра марбут аст.

  3. Омехта. Таклифоте, ки баробар аз молҳо ва хизматҳои ба он ҳамроҳ иборат мебошанд. Мисол, хӯрокхӯрӣ дар тарабхона ва гӯш кардани мусиқӣ.

  4. Хизматрасонӣ бо гирифтани молу хизматҳо. Мисол, ҳангоми хариди мебел, хизматрасонӣ оиди овардан то хона ва ҷамъ кардани он ва ғайра.

пешина
аз 512
навбатӣ