Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
- Хизматҳои соф. Хизматҳои психотерапия, молишгар ва доя.
Маркетинг дар соҳаи хизматрасонӣ, маркетинги дохила ва беруна, инчунин маркетинги интерактивиро дар бар мегирад.
Маркетинги беруна — кори ташкилот оиди муайян кардани нарх, тақсимот ва таклифоти хизматҳо.
Маркетинги дохила — омӯзиш ва мотивацияи коргарони ташкилотҳо, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ нигаронида шудааст.
Маркетинги интерактивӣ — хизматрасонӣ ба мизоҷон. Мисол фурӯшанда бояд хизматрасонии «диққати махсус» ва «техникаи баланд»-ро нишон дода тавонад.
Таклифоти дифференциалӣ — коркарди хизматрасонии навро, ки аз таклифот ва рақобати бозор ба вуҷуд меояд, мемонанд. Мисол авиакомпанияҳо дар ҷараёни парвоз хизматҳои иловагӣ, чун гӯш кардани мусиқӣ, тамошои филм, ё хизматҳои тиҷоратӣ мегузаронанд. Ё худ дар меҳмонхонаҳо, иловатан хатти Интернет, факс, почтаи электронӣ ва ғайра таъмин карда мешавад.
Масоили асосии хизматрасонии гуногунсамт дар он мебошад, ки навоварӣ тез аз тарафи ташкилотҳои рақибон истифода карда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё