Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Маҷроҳои маркетингӣ, ё худ миёнаравҳо вазифа ва функцияҳои гуногун доранд.
ЯК қисме аз онҳо тоҷирони чакана ва яклухт мебошанд, яъне молро харида, бо нархи қимматтар мефурӯшанд. Гурӯҳи дигар даллолон, агентони тиҷоратӣ ва намояндагони корхонаи истеҳсолӣ мебошанд, ки дар алоқа бо харидор аз номи корхона баромад мекунанд. Сеюм, ин корхонаҳои нақлиётӣ, бонкҳо ва анборҳое, ки дар ҷараёни тақсимоти мол иштирок мекунанд, лекин ҳуқуқи моликиятдорӣ, ё худ шартнома бастан надоранд, чунки онҳо соҳаҳои ёрирасони маркетингӣ мебошанд ва барои хизматашон маблағи муайян мегиранд.
Бинобар ин, барои роҳбарияти корхона қарори интихоби маҷроҳои маркетингӣ хеле мушкил ва мураккаб мебошад, чунки дигар фаъолиятҳои маркетингӣ аз ин қарор вобастагии калон дорад. Сиёсати нархгузории корхона аз он иборат мебошад, ки ӯ бо миёнаравҳое, ки ба бозори умумӣ нишон доранд кор мекунанд, ё не.
Дараҷаи тайёрии мотивэтсия ва талаботҳо оид ба корчалон бевосита ба қарори корхона оиди ташкили хизмати фурӯш ва реклама таъсир мерасонанд.
Корхонаи истеҳсолкунанда ба истифода аз хизматҳои миёнарав дар соҳаи тиҷорат, як қатор бурдҳо мекунанд:
аксари корхонаҳо норасогии молиявӣ оиди гузаронидани чорабиниҳои маркетингӣ доранд;
дар баъзе мавридҳо рост ба бозор баромадан самараноқ намебошад. Мисол корхонаи дорубарорӣ наметавонад, ки дар чандин мамлакатҳо дорухона дошта бошад, бинобар ин бо воситаи агентҳои худ молашро ба фурӯшгоҳҳои чакана равон месозад.
корхонаҳои истеҳсолкунанда, агар молиягузориро барои истеҳсолоти асосӣ равона созанд, он гоҳ 20% фоидаи меъёрӣ мегиранд, агар дар соҳаи тиҷорат 10%, аз ин рӯ барои онҳо ин фаъолият бесамар мебошад.
Мақоми маҷрои маркетингӣ дар ҳаракати мол аз истеҳсолкунанда то истеъмолкунанда хеле муҳим мебошад. Маҳз маҷроҳои маркетингӣ имкони тезонидани суръати ҳаракати мол аз рӯи вақт, гурӯҳ ва хоҳиши истеъмолкунандагон, таъминоти бевоситаи талаботи онҳоро ба миён меорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё