Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Иштироккунандагони маҷрои маркетингӣ функцияҳои зарурии зеринро иҷро мекунанд:
гирдоварӣ ва паҳн кардани ахбор ба харидорони аниқ, рақибон ва дигар субъекту омилҳои бозор;
кор кардан ва паҳн кардани роҳҳои ҳавасмандкунии харидорон;
ба даст овардани ризогии тарафҳо аз рӯи нарх ва дигар масъалаҳо оид ба фурӯши молҳо;
ҷойгиркунии фармоишот оид ба истеҳсоли мол;
кофтуков ва тақсимоти воситаҳои молиявӣ оид ба пӯшонидани хароҷотҳое, ки дар дараҷаҳои гуногуни маҷрои маркетингӣ пайдо мешаванд;
пайдарпаии нигоҳдорӣ ва фурӯши молҳо;
гузаронидани маблағҳои корхона ба воситаи бонкҳо ба корхонаи фурӯшанда ва харидор, инчунин дигар муассисаҳои молиявӣ;
додани молҳо аз як шахси алоҳида, ё шахси ҳуқуқӣ ба дигар.
Ташкилоте, ки маҳсулот истеҳсол мекунад, ё худ хизматҳо иҷро мекунад, се маҷрои маркетингӣ ташкил мекунад: маҷрои фурӯш, маҷрои бурда расонидани мол ва маҷрои хизматрасонӣ. Мисол компанияи Dell Computer бо сифати маҷрои фурӯш телефон ва Интернет, бо сифати маҷрои бурда расонидан - ташкилоте, ки барои боркашонӣ машғул аст, маҷрои хизматрасонӣ бошад - устоҳои таъмиргаре, ки дар ҷойҳо кор мекунанд истифода мекунад.
Маҷрои маркетингӣ ҳамеша дар ҳаракат мебошанд. Дар баробари пайдо шудани корхонаи нав ва савдои чакана, системаи тақсимот низ инкишоф меёбад. Яъне системаҳои амудӣ ва уфуқии маркетингӣ пайдо мешаванд.
Аз нигоҳи қонунӣ ҳар як ташкилот аксар мавридҳо ҳуқуқи истифодабарии он маҷроҳоеро дорад, ки талаботашро қонеъ мегардонад. Компанияҳои истеҳсолкунанда метавонанд, ки шартномаҳои гуногунро бубанданд бо иштироккунандагони маҷрои маркетингӣ, лекин бояд меъёрҳои ҳуқуқӣ ва этикиро риоя намоянд. Ҳар як муноқишае, ки пайдо мешавад, бо воситаи сохторҳои ҳуқуқию арбитражӣ ҳал карда мешавад.
Савдои чакана.
Ба тиҷорати чакана тамоми намуди фаъолиятеро дохил мекунанд, ки ба фурӯши мол ва хизматҳо, бевосита ба истеъмолкунанда барои қонеъ гардонидани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё