Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
ҳакмузд барои рӯзҳои корнашуда;
аъзоҳаққӣ ва фондҳои суғурта;
хароҷотҳои ташкилот барои андозҳои давлатӣ ва маҳаллӣ;
хароҷотҳо барои кироя ва омӯзиши коргарон.
-
Ҳаҷми хароҷотҳо ба қувваи коргарӣ дар ҳаҷми фурӯши мол, ҳамчун нисбати хароҷотҳои қувваи коргарӣ ба ҳаҷми фурӯш дар давраи муайян (6 моҳ, 1 сол, 3-5 сол).
-
Хароҷотҳо ба як коргар нисбати ҳаҷми умумии хароҷотҳо ба қувваи корӣ ва ба миқдори умумии коргарон. Дар аксари корхонаҳо ин нишондиҳандаҳо барои ҳар як дараҷаи коргарон алоҳида ҳисоб карда мешавад.
-
Хароҷот барои як соати ҳосилнокӣ аз рӯи хароҷотҳо барои қувваи корӣ ва ҷамъи соатҳои кории корхона.
Идоракунии захираҳои башарӣ, бе ахбори аниқи таҳлилӣ, ки бояд шӯъбаи кормандон барои баҳо додани натиҷаи кории коргарон, самараноқӣ, ташаккул ва истифодаи он ҷамъоварӣ намояд, ғайриимкон мебошад. Ҳангоми омӯзиши моҳият ва мазмуни самаранокии идоракунии инкишофи захираҳои башарӣ, мо бояд аз рӯи фаҳмиши самаранокии фаъолияти башарӣ баҳо диҳем.
Агар аввалҳо идоракунии ҳайати корхона ҳамчун фаъолияте, ки фоида надорад баҳо дода мешуд, ҳоло бошад аз солҳои 70-80-уми асри XX сар карда, аксари мутахассисони амрикоӣ ва ғарбӣ фоиданокии сармояро дар ташаккул ва инкишофи захираҳои башарӣ муайян намудаанд. Тадқиқотчиён тасдиқ мекунанд, ки ҳоло самаранокии иқтисодии маблағи ба ҳар як одам вогузоршуда, аз маблағи дар истеҳсолот гузошташуда баланд мебошад. Мисол 1 доллари сармоявие, ки ба ҳар одам гузошта мешавад, ба ҳисоби миёна 3-8 доллар фоида меорад. Аз рӯи баҳои иқтисодчиёни амрикоии ҷамъияти ҳамкории инкишофи маълумот, дар асри XXI афзоиши самаранокӣ аз ҳисоби баланд бардоштани малакаи дониши коргарон 2,1%-ро ташкил карда, аз ҳисоби зиёдшавии сармоя ҳамагӣ 0,5%-ро ташкил медиҳаду халос. Яке аз усулҳои инкишофёфтаи ченаки самаранокии захираҳои башарӣ ин консепсияи таҳлилии хароҷот мебошад. Тамоми хароҷотҳо аз қисми истеъмолӣ ва истеҳсолӣ иборат аст. Дар таҳлил кардани захираҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё