Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

башарӣ хароҷотҳои аввала ва хароҷотҳои барқароркунанда муайян карда мешаванд.

Хароҷотҳои аввала - ҳайати хароҷотҳо барои ҷустуҷӯ, ёфтан ва тайёр кардани коргарони нав буда, фаҳмиши хароҷоти сармояи аввала барои пайдои сармояи ҷисмонӣ мебошад.

Хароҷотҳои барқароркунӣ - хароҷотҳои ҳаррӯза барои баланд бардоштани масъулият ва мотивацияи коргарон, ивази коргар ба коргари нав мебошад.
Мутахассисони америкой тарҳи арзиши инфиродии коргаронро таҳия кардаанд, ки дар асоси арзиши шартӣ ва иҷроиши арзиши инфиродии коргар, аз рӯи ҳаҷми хизматҳои ба корхона пешниҳод кардааст, метавонад дар корхона фаъолият барад. Инчунин дар вақти ҳисоб кардани арзиши коргар, боз дар назар дошта мешавад, ки то кадом вақт коргар дар корхона кор мекунад.

Дар аксари ширкатҳои хориҷӣ хароҷот барои захираҳои башарӣ ба маблағгузории бунёдӣ гузаронида шудааст. Дар нақшаҳои солона мувозинати хароҷотҳои умумӣ нисбати захираҳои башарӣ ба аввали сол, инчунин, ҳаҷми иҷрошудаи сармоя дар давоми давраи ҳисоботӣ ва ҳаҷми зарар вобаста аз миқдори коргарони аз кор рафта, коста шудани дониш ва дараҷаи тахассусии коргарон ҳисоб карда мешавад.

Барои баҳои нишондиҳандаҳои иқтисодии самаранокӣ, инчунин самаранокии иҷтимоӣ зарур мебошад, ки натиҷаи иҷтимоии фаъолияти идоракунии ташкилот, асосан нишондиҳандаҳои сифатии ҳаёти меҳнатӣ ҳисоб карда шавад.

Сифати ҳаёти меҳнатӣ ҳамчун дараҷаи қонеъ будани талаботҳои шахсӣ дар ташкилот мебошад. Номгӯи нишондиҳандаҳои сифати ҳаёти меҳнатӣ хеле ҳам васеъ мебошанд:

ҳаҷми ва мазмуни меҳнат;

шароити меҳнат;

муҳити маънавӣ дар коллектив;

музди меҳнат ва ҳавасмандии меҳнат;

муносибати роҳбарият;

иштирок дар корҳои ташкилот;

ояндаи инкишофи касбӣ;

пешина
аз 512
навбатӣ