Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
18.1. Системаи менеҷерон ва талаботҳо ба омода
кардани менеҷерони касбӣ
Тайёркунии касбии менеҷерон системаи мураккаби бисёрравия мебошад, ки предмети асосии диққати роҳбарони ташкилотҳо ва худи менеҷерон ба он равона шудааст.
Қайд кардан зарур аст, ки «Менеҷмент» ҳамчун системаи донишҳои иқтисодӣ барои инженер-механикҳо ва инженер-сохтмончиҳо барои баланд бардоштани самаранокии роҳбарӣ пайдо гаштааст. Аз ҳамон вақт сар карда, талаботи касбии тайёр кардани менеҷерон меафзояд ва соҳаи илми менеҷмент бошад инкишоф меёбад. Мисол, агар дар аввал барои менеҷер шудан фақат дониши муайяни иқтисодӣ кифоят мекард, ҳоло бошад барои менеҷери хуб шудан, боз донишҳои идоракунӣ, фалсафа, равоншиносию ҷомеашиносиро донистан шарт ва зарур мебошад. Бинобар ин, зарурияти дарку омӯзиши мазмун ва талаботҳои тайёрии касбӣ, давраҳо ва пайдарпайии он пайдо мегардад. Дар асоси чунин омӯзиш ташкилотҳоро ҳамчун системаи иборат аз ду шакли ҳайат «кормандии» ва «техникию технологӣ» дидан мумкин аст.
Ҳайате, ки ба сохтори кормандӣ дохил мешавад, боз ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:
- Роҳбарон - менеҷерон.
- Иҷрокунандагон.
Менеҷменти замонавӣ тасдиқ менамояд, ки миқдор ва муттаносибии роҳбарону иҷрокунандагони ташкилотҳо аз рӯи қонуни Паретто амал мекунанд, яъне миқдори менеҷерон бояд тақрибан 20% миқдори умумии ҳайатро ташкил кунанд. Онҳо сиёсатро барои 80%-и боқимонда ташкил намуда, дараҷаи самаранокии фаъолиятро таъмин месозанд.
Самаранокии амал кардани ҳама гуна ташкилот дар навбати аввал аз дараҷаи тайёрии касбии ҳайат вобаста мебошад. Пӯшида нест, ки мардуми ҷопон, ки чандин даҳсолаҳо пешсафони ҳосилнокии меҳнат мебошанд, ҳар ҳафта тамоми ҳайати корхонаҳо ба миқдори 6-8 соат дарсҳои такмили касб мегузаранд. Маълум аст, ки иҷрокунандагон тайёрии касбӣ мебинанд ва дар барномаи роҳбар бошад, боз тайёрии роҳбарӣ ва пешвоӣ дохил карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё