Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ба тайёрии иҷрокунандагии ҳар як шахс мувофиқи касбии он, дараҷаи корӣ муайян ва қобилияту тайёр будани кор дар гурӯҳҳо баҳо дода мешавад. Тайёрии менеҷерон-роҳбарон ин кори хеле мураккаб буда, дар асоси ду соҳаи дониш ва навигариҳои таҷрибавӣ амалӣ мегардад:

  1. Дар доираи фаъолияти хусусии бизнесе, ки ташкилот фаъолият дорад (истеҳсоли автомобил, коркарди матои пахтагин ва ғайра).

  2. Дар соҳаи тиҷорат бо дигар давлатҳо ва бозори дохила (намуди молҳо, хизматрасонӣ ва ғайра).

Хусусияти бизнес — ин соҳаи алоҳида ва хеле мураккаб мебошад, ки онро фанни маркетинг чуқуртар меомӯзад. Бинобар ин мо фақат он қисми масъаларо меомӯзем, ки ба тайёрии функционалии менеҷер-роҳбар тааллуқ дорад.

Тайёрии касбии менеҷер гуфта, ин қобилиятнокии менеҷеронро барои иҷрои босифати вазифаҳои доними функционалии роҳбарӣ дар шакли ҷараёни истифодаи техника ва технологияи мавҷудаи ташкилот, инчунин қабули қарори ташкилию идоракунии иҷрои кору хизматҳо ва амали онҳоро аз тарафи иҷрокунандагон меноманд. Аз тарафи дигар, ин иҷроиши ӯҳдадории хизматию вазифавии менеҷерон мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки сифати иҷрои кори менеҷерон бевосита аз дараҷаи тайёрии шахсии кордонӣ ва оқилли будани роҳбар вобаста мебошад.

Таҷрибаи менеҷмент, ҳамчун системаи илмию амалӣ нишон медиҳад, ки маҳз тайёрии касбии менеҷер ояндаи «вазифадори»-и ӯро муайян месозад. Як қатор фикру ақидаҳо оид ба тайёрии касбии менеҷерон вуҷуд дорад. Тамоми мактабҳои менеҷмент ҳисоб мекунанд, ки дараҷаи тайёрии касбӣ, сифат ва ҳаҷми дониши вай бояд хеле ҳам баланд бошад, лекин ба мазмуни тайёрии касбӣ ҳар як мактаб нуқтаи назари худро дорад. Ба сифати мисол мактаби амрикоӣ ва ҷопониро мегирем.

Масалан, мактаби амрикоӣ, ки ҳамчун мактаби классикии менеҷмент ба ҳисоб меравад, чунин меҳисобад, ки менеҷерон бояд, ки соҳибкасби соҳаи «борики» фаъолият бошанд:

роҳбарони хаттӣ (сардорони шӯъбаҳо, ҷузъҳои алоҳида);

мутахассисони бахши молия;

пешина
аз 512
навбатӣ