Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

мутахассиси кор бо ҳайат;

мутахассиси маркетолог, реклама, фурӯш ва ғайра.

Вазифадории ин мутахассисон мувофиқи ихтисоси худашон бояд зина ба зина боло раванд. Чунин усул дар системаи хизматчиёни давлатии ИМА вуҷуд дорад, ки ҳамагӣ аз 18-зина иборат буда, 4-зинаи аввал ба иҷрокунандагон ва 14 зинаи боқимонда (5 то 18) ба роҳбарон тааллуқ дорад. Барои менеҷерони қисми поёнӣ аз 5 то 8 зина, барои қисми миёна 9 то 14 ва барои қисми олӣ (ТОП менеҷер), аз зинаи 15 то 18-ум ҷудо карда мешавад. Ширкатҳои калони тиҷоратӣ аксари маврид ин системаро такрор мекунанд. Ҳамин тариқ, менеҷер, дар ҳар як доира инкишоф ёфта истодааст.

Мувофиқи талаботи мактаби ҷопонӣ мувофиқи мақсад мебуд, ки менеҷеронро ба «истеҳсолкунандагон» (гиребони кабуддорон) ва «идоракунандагон» (гиребони сафеддорон) ҷудо намоем.

Агар, қисми зиёди менеҷерон «истеҳсолкунандагон»-ро ширкатҳои калонтарин (ҳатто инженеронро) аз рӯи системаи тайёркунии менеҷерон худашон дар ширкатҳо тайёр намоянд. Барои тайёр кардани менеҷерони идоракунандагон бошад, бояд аз мактабҳои махсус (университетҳо) истифода бурда шавад.

Дар ҷараёни тайёр намудани менеҷерон дар ширкатҳои ҷопонӣ онро даврагӣ, дар зинаҳои тартиботи дараҷаҳои мансабҳои идоракунӣ омӯхта, на фақат ихтисоси худаш, балки ихтисоси «ҳамсоя»-ро низ ёд мегирад ва оҳиста-оҳиста доираи фаъолияти касбии худро васеъ менамояд. Дар натиҷа қисми зиёди менеҷерон ҳамаи равияҳои тайёрии касбиро, ки барои роҳбарӣ хаттӣ ё худ қаторӣ зарур аст, аз худ мекунанд ва аз рӯи вазифадорӣ низ боло рафта, ихтисоси ҳамсояро аз рӯи хатти технологӣ аз бар менамоянд. Чунин тайёрӣ, инчунин бо таҷрибаи кории 2-3 солаи ихтисоси ҳамсоя илова карда мешавад.

Ҳамин тариқ, агар мактаби америкой хислати «тайёр кардани менеҷерони касбиро дар соҳаи «борик»-и «аз поён то боло» дошта бошад, мактаби ҷопонӣ хислати «васеъ»-и тайёри «ҳаракати» якборан «ба боло ва ба таври уфуқӣ»-ро соҳиб аст.

Бояд қайд кард, ки вақте дар бораи менеҷерони як ташкилот сухан меравад, ин маънои «системаи менеҷеронро» ҳамчун системаи «ягона»-и як аҳром дорад.

пешина
аз 512
навбатӣ