Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Қордонии таҳлил - қобилияти таҳлил ва ташхиси ҳолатҳо оиди омилҳои дохила ва берунаи ташкилот, кор ба ҳайат, сифат, техника ва технология, имконотҳои захиравии корхона, қобилияти масоилро дидан ва сабаби онро муайян кардан мебошад.

  2. Қордонии консептуалӣ — фаҳмиши на фақат функционалии ташкилот дар шароити муносибатҳои мавҷуда, балки муайян намудани моҳияти дигар омилҳои дохила ва берунае, ки ба фаъолияти корхона таъсир мерасонанд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳамаи он шаклҳои кордонине, ки дар боло номбар намудем, барои тамоми менеҷерон, новобаста аз вазифа ва зинаи роҳбариашон зарур мебошанд. Аз рӯи ин нишондиҳанда дараҷаи касбии тайёрии ҳар як менеҷерро муайян кардан мумкин мебошад.

Маълум аст, ки вобаста ба вазифаи менеҷер дараҷаҳои гуногун ва алоқамандиҳои намуди кордониҳо тағйир меёбанд ва вобаста ба зинаи идоравӣ тарафи мураккабтар мегарданд. Умуман, дар ҳама зинаҳо менеҷер бояд фаҳмад, ки доимо беҳтар намудан ва сайқал додани дараҷаи соҳибкасбӣ шарт ва зарур мебошад.

18.2. Ташкили омодагии касбӣ ва функционалии менеҷер

Тайёрии касбии менеҷер гуфта, дараҷаи тайёр будани ӯро доир ба иҷрои кулли ӯҳдадориҳои хизматӣ меноманд.

Қайд кардем, ки солҳои охир дар натиҷаи инкишофи прогресси илмию техникӣ ва компютерикунонии ҷараёни истеҳсолӣ, ӯҳдадориҳои хизматиро менеҷер аз рӯи як ихтисоси борики касбӣ иҷро карда наметавонад. Бинобар ин, тайёрии умумикасбии менеҷер дар натиҷаи шаклҳои гуногуни омӯзиш ва таҷрибаи корӣ, ки ба системи донишҳо мубаддал гаштааст, барои ҳар яки эшон, новобаста аз вазифа зарур мебошад.

Намояндагони мактаби ҷопонӣ дар он ақидаанд, ки қисмати зиёди ҳайати
ширкатҳои калонтарини ҷопонӣ дорои маълумоти миёнаи кофии тайёрӣ буда,
қобилияти баланди пӯшидаю мастуре доранд, ки метавонанд тамоми кор, аз он

пешина
аз 512
навбатӣ