Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

ҷумла вазифаи менечерро иҷро намоянд. Албатта зарур аст, ки бо тарзи систематикӣ қобилият ва мақсаднокии ҷобаҷогузории онҳоро назорат намоем.

Доир ба ҳар як зинаи вазифадорӣ талаботҳои аниқи қобилиятҳо муайян шудааст.

Расми 3. Таносуби вазифаҳо ва талаби қобилият.

Минтақаҳои А, В, ва С-ро дар шакли зерин ҷудо мекунанд.

А - тайёрии касбӣ;

В - қобилияти муносибатҳои «одамият» дар байни одамон;

С - қобилияти муҳокимаронӣ, ҳалли масоил, масъалагузорӣ, маъмурӣ ва қобилияти коркарди ахбор.

Аз расми 3 барои тайёрии касбии менечер як қатор хулосаҳо намудан мумкин мебошад.

Минтақаҳои А ва С - ин талаботҳои менечери касбии тайёр кардани роҳбарон, минтақаҳои В - бошад, ин дараҷаи иҷтимоию психологии тайёр намудани менечер.

Аз расм маълум мегардад, ки дар баробари ба зинаҳои вазифадорӣ боло рафтани менечер талаботҳои тайёрии касбӣ (А) кам шуда, талаботҳои минтақаҳои В ва С меафзояд, васеъ мешавад ва махсусгардонии амиқро мегузарад.

Дар баробари болоравӣ талабот низ оид ба тайёрии касбӣ меафзояд. Мисол, агар дар зинаҳои поёнӣ ин талаботҳо асосан ба кордонӣ ва иҷроиши кор равона шуда бошанд, дар баробари болоравӣ аз рӯи вазифа, моҳият ба нақши соҳибкасбӣ дар соҳаи фаъолияти идоракунӣ меафзояд.

пешина
аз 512
навбатӣ