Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Аз ин хотир, мактаби ҷопонии менеҷмент исбот намудааст, ки аксарияти қобилиятҳои зарурӣ барои фаъолияти касбӣ дар ҷараёни омӯзиш инкишоф ёфта, истифодаи амалии омӯзиш ва баҳои одилонаи натиҷаҳои он дар алоқамандии муносибат ба ҳайат зоҳир мегардад. Дар аввал онҳо дар шакли «донишҳои стандартӣ» ҷамъ гашта, баъдан ҳамчун «қобилият»-и барои менеҷер зарур мустаҳкам мегарданд. Таҷрибаи мактаби ҷопонҳо нишон медиҳад, ки қисми ками қобилият модарзод буда, қисми асосиаш дар ҷараёни зиндагӣ ташаккул меёбад. Бинобар ин баҳо додани қобилияти менеҷер аз рӯи қоидаи «ҳозир, дар ҳамин ҷой» каме нодуруст мебуд, вақте ки қобилият дар давоми вақти муайян ва дар раванди таҷриба ба вуҷуд меоянд.

Аз ин хусус, агар тайёрии касбии менеҷер зарурияти инкишофи «талаботи ҷои кории» ӯ бошад, бояд доимо ва бетанаффус ин тайёрӣ инкишоф дода шавад, ҷамъ ва беҳтар карда шавад ва бо манфиати худи менеҷеру ташкилотҳо мустаҳкам карда шавад.

Барои он ки дараҷаи сифатии омодагии касбиро баҳо диҳем, на бояд талаботи айнӣ, балки талаботи воқеиро новобаста аз мавқеи ин ё он роҳбар дар назар дошта бошем.

Талаботи воқеӣ ва шароити баҳои кори роҳбарон дар асоси ақидае, ки дар менеҷмент, ҳатто доир ба тайёрии хуби инфиродии менеҷерони алоҳида дида мешавад, баҳо дода мешаванд. Ин ҳанӯз шароити ҳосилнокии меҳнати баланди ӯ намебошад. Баҳодиҳии «самаранокии» кори менеҷерон шаклҳои гуногуни худро дорад:

Алоқамандии (1) аз нигоҳи ақли солим ягон баҳсе надорад, вале агар мо онро ба сифати ченаки баҳои миқдории кори менеҷер, дар шакли тарҳи математикӣ истифода кунем, он гоҳ чунин саволҳо оё дуруст ҳисоб карда шудааст? Маълумотҳо асоснок ҳастанд, ё не? бар ин саволҳо пайдо мешавад ва ғайра. Агар масъаларо дар шакли тарҳи математикӣ ба миён гузорем, бевосита

пешина
аз 512
навбатӣ