Зеҳн
Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа

АфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

Онҳо ба зудӣ фаҳмиданд, ки чӣ тавр модарандар нисбаташон зулм кардааст.

– Мо, бародарон, – гуфт бародари аз ҳама калонӣ, – ба шакли қувони ваҳшӣ тамоми рӯз парвоз мекунем, аз тулуъ то ғуруби офтоб. Вақте офтоб ғуруб намояд, боз ба шакли одамӣ медароем. Барои ҳамин ҳангоми ғуруб мо бояд ҳамеша ба замин бинишинем. Агар ҳангоми ғуруби офтоб дар осмон бимонем, ба шакли одамӣ медароем ва аз баландӣ меафтем. Мо дар ин ҷо зиндагӣ намекунем. Дар дуриҳои дур, дар соҳили дигари ин баҳр кишвари зебое ҷойгир аст. Вале то он ҷо роҳ хеле дароз мебошад. Барои ба он ҷо расидан бояд аз рӯйи ин баҳр парвоз бикунем. Дар роҳ, дар саросари баҳр, ҳатто як ҷазира ҳам нест, ки шабро он ҷо гузаронем. Танҳо дар миёни баҳр ҳарсанги хурди тоқае ҳаст, ки мо он ҷо бо ҳамдигар зич ҷой гирифта, истироҳат мекунем. Агар баҳр талотум бикунад, қатраҳои мавҷаш ҳатто ба сари мо пош мехӯранд. Агар он ҳарсанг намебуд, мо ҳеҷ вақт ватани зебои худро дида наметавонистем, акнун барои ин парвоз ду рӯзи аз ҳама дарози солро интихоб карданамон лозим мешавад. Барои мо танҳо як маротиба дар як сол ба ватани худ парида омадан мумкин аст. Дар ватан танҳо ёздаҳ рӯз истода, аз болои ҷангали анбӯҳ парвозкунон қасреро, ки мо он ҷо таваллуд шудаем ва падарамон он ҷо

пешина
аз 26
навбатӣ