Зеҳн
Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа

КӯдаконАфсона
Аз аввал хондан

хоби роҳат рафта буд, ба минқорҳояшон то абрҳо бардоштанд. Нурҳои офтоб рост ба рӯйи Элиза тобиданд, бинобар ин яке аз қувон дар болои сараш парвозкунон бо пари фарохи худ ӯро аз нурҳои офтоб паноҳ менамуд.

Вақте Элиза бедор гашт, онҳо аллакай аз замин хеле дур шуда буданд. Ӯ гумон бурд, ки хоб мебинад, зеро дар ҳаво парвоз кардан бароиш аҷиб метофт. Дар назди ӯ шоҳае бо меваҳои пухтарасида ва як бандча решаи ширин дида мешуданд. Онҳоро бародари аз ҳама хурдӣ ғун оварда, барои ӯ гузошта буд. Элиза ба тарафи бародараш миннатдорона табассум кард. Духтар фаҳмид, ки маҳз ҳамин бародараш дар болои сараш парвозкунон ӯро аз нурҳои офтоб паноҳ медошт.

Онҳо хеле баланд парвоз мекарданд, аз он баландии аввалин киштие, ки дар сатҳи баҳр диданд, ба назарашон мисли моҳихӯраки дар об шиновар метофт. Дар осмон аз қафояшон абри бузурге ба назар мерасид, ки дар сатҳи он Элиза сояҳои азими ёздаҳ қу ва худро медид. Аҷаб манзарае! Ӯ ҳеҷ вақт чунин манзараро надида буд. Аммо ҳар қадар, ки офтоб боло мебаромад ва абр аз онҳо дуртару дуртар мемонд, сояҳо оҳиста-оҳиста ғайб мезаданд.

Тамоми рӯз қувон мисли тири аз камон раҳошуда парвоз мекарданд, аммо ба ҳар ҳол аз муқаррарӣ

пешина
аз 26
навбатӣ