Зеҳн
Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа

АфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

оҳистатар. Зеро акнун онҳо хоҳари худро мебурданд. Рӯз ба шом мубаддал мегашт ва ҳаво бад мешуд. Элиза ҳаросон фурӯравии офтобро назора мекард, зеро харсанги ягонаи миёни баҳр ҳанӯз намоён набуд. Ба назараш чунин метофт, ки акнун қувон базӯр пар мезананд. Оҳ, ин гуноҳи ӯст, ки онҳо босуръаттар парвоз карда наметавонанд!
Офтоб менишинад, пас онҳо ба шакли одамӣ медароянд ва ба баҳр афтида, ғарқ мешаванд! Ҳанӯз харсанг намоён набуд. Абри сиёҳе наздик меомад, шиддати сахти шамол аз тӯфон дарак медод, абрҳо ба шакли мавҷи бузурги хатарнок ҷамъ шуда, дар осмон ғел мехӯрданд. Раъду барқ пайиҳам садо бароварда, рӯшанӣ медод.

Як гӯшаи офтоб аллакай қариб ба сатҳи оби
баҳр мерасид. Қалби Элиза зуд-зуд метапид. Қуҳо
ногаҳон ба поён парвоз намуданд, духтарак аз хаёл
гузаронд, ки онҳо афтиданд. Не, онҳо боз парвозро идома доданд. Ҳангоме ки нисфи офтоб ба об
фурӯ рафт, Элиза дар зер харсанги хурдеро дид, ки
қисми болоияш аз об берун метофт. Рӯшании офтоб торафт кам мешуд. Акнун он мисли ситорачаи
хурди дурахшон ба чашм мерасид. Қувон ба рӯйи
харсанг нишастанд ва офтоб монанди шарораи
охирини коғази алангагирифта хомӯш гашт. Элиза
дар атрофи худ бародаронашро дид, ки даст ба даст
истодаанд. Ҳамаи онҳо дар болои харсанги хурдакак

пешина
аз 26
навбатӣ