Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа
зинда ба назар намерасид. Элиза бори дигар ба қалъа нигарист, акнун кӯҳсор, ҷангал ва қалъа ба бист калисои якхелаи боҳашамат табдил ёфтанд, ки ҳар яке онҳо зангӯлахона ва тирезаҳои равоқӣ доштанд. Ба Элиза ҳатто чунин тофт, ки мусиқии арғунунеро мешунавад, аммо ин овози арғунун не, балки шалаппоси мавҷҳои баҳр буд. Он бист калисо инак дар наздикии Элиза қарор доштанд, вале ногаҳон ҳамаи онҳо ба як даста киштии мубаддал гаштанд. Элиза бо диққат нигоҳ кард ва дид, ки инҳо абрҳои болои баҳранду халос. Бале, дар пеши назари ӯ ҳамеша тасвирҳои гуногуни тағйирёбанда пайдо мешуданд. Вале оқибат замини ҳақиқие, ки онҳо ба сӯяш парвоз мекарданд, падид омад. Дар он ҷо кӯҳҳои ҳайратангез, ҷангалҳои ҷалғӯзазор, шаҳрҳову қалъаҳо қомат афрохта буданд.
Элиза то ғуруби офтоб рӯйи харсанги назди ғори бузург нишаст. Сақфи ғорро растаниҳои сабзи хазанда чунон пӯшонда буданд, ки гӯё дар он қолинҳои сабз овехта шуда бошанд.
-
Ку, бубинем, имшаб чӣ ба хоби ту медарояд! - гуфт бародари аз ҳама хурдӣ, бо ангушт рахти хобашро ба Элиза нишон дода.
-
Оҳ, агар дар хоб медидам, ки чӣ тавр шуморо аз ҷоду наҷот дода истодаам! - гуфт ӯ, ки ин фикр аз сараш ҳеҷ дур намешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё