Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа
АфсонаКӯдакон
Аз аввал хонданНогоҳ ба тасаввураш омад, ки ӯ баланду баланд дар ҳаво ба сӯйи қалъаи рангорангу тағйирёбанда парвоз мекунад ва ӯро парии ҳақиқӣ пешвоз мегирад. Парӣ хеле зебову нуронӣ метофт, вале ҳамзамон ба пиразане, ки дар ҷангал ба Элиза як мушт буттамева дода, аз хусуси ёздаҳ қуи тоҷдор нақл кард, монанд буд.
- Бародарони туро наҷот додан мумкин аст, -
гуфт ӯ. - Лекин оё ҷасорату матонати ту барои ин
кофист? Об аз дастони нарми ту нармтар аст, бо
вуҷуди ин сангҳоро суфтаву ҳамвор мекунад. Вале
об дардро мисли ангуштони ту эҳсос намепамояд. Об қалб надорад, ки монанди ту аз тарсу азоб
ранҷ кашад. Мебинӣ, дар дастони ман гиёҳи газна
аст? Чунин газна дар наздикии ғор мерӯяд. Танҳо
ҳамин навъи газна ва газнаҳое, ки дар қабристон
мерӯянд, ба ту лозим мешаванд. Ба онҳо аҳамият
деҳ! Ту ин растаниҳоро меканӣ, аммо бидон, ки
дастонат аз сӯзиш обиладор мешаванд. Баъд
онҳоро бо поят мекубӣ ва аз торҳояшон ресмони дароз мебофӣ. Сипас аз он ресмон ёздаҳ қуртаи зиреҳдори остиндароз мебофӣ. Ҳар яке ин
куртаҳоро ба болои қувон мепартой, ана он вақт
ҷоду кушода мешавад. Аммо ба хотират гир, аз
лаҳзаи ки ин корро оғоз мекунӣ, то вақте ки ба
анҷом мерасонӣ, агар солиёни зиёд тӯл кашад ҳам,
бояд ягон ҳарф назанӣ. Аввалин сухане, ки аз забонат мебарояд, мисли ханҷар ба қалби бародаронат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё