Зеҳн
Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа

АфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

ҳам бошӣ, ба танат либоси абрешиму махмал мепӯшонам, ба сарат тоҷи тиллоӣ мегузорам ва ту дар қасри пуршукӯҳи ман зиндагӣ хоҳӣ кард.

Подшоҳ Элизаро ба пеши зин шинонд. Элиза гириста, дастони худро меканд. Подшоҳ ба ӯ гуфт:
— Ман танҳо хушбахтии туро мехоҳам. Замоне хоҳад расид, ки ту аз ман миннатдор мешавӣ.

Ва подшоҳ ӯро аз миёни кӯҳҳо бо худ мебурду сайёдон аз қафояшон мерафтанд.

Шомгоҳ онҳо ба пойтахти кишвари подшоҳ расиданд ва ӯ Элизаро ба қасри худ бурд. Он ҷо фаввораҳои зебо шилдирос мезаданд ва девору сақфҳо бо мусаввараҳо ороиш ёфта буданд. Лекин Элиза ба ин ҳама назаре ҳам накард ва яксар мегиристу ғам мехӯрд. Ӯ худро канораҷӯёна ба ихтиёри хизматгорзанон супурда буд. Онҳо ба ӯ либоси шоҳона пӯшонданд, ба мӯйҳояш шаддаҳои марворид бастанд ва ба дастони обиладараш дастпӯшакҳои нафис кашиданд.

Либосҳои гаронбаҳо ба ӯ бисёр мезебиданд. Элиза дар ин либосҳо чунон дилангезу дилрабо метофт, ки тамоми дарбориён пешаш таъзим баҷо оварданд. Подшоҳ ӯро ҳамсари худ эълон кард. Ҳарчанд вазири дарбор сари норизой меҷунбонд, ки зебосанами аз ҷангал ёфтшуда метавонад ҷодугарзан бошад ва ӯ шояд бо нигоҳаш ҳамаро шайдо ва подшоҳро ҷоду кардааст, подшоҳ ба

пешина
аз 26
навбатӣ