Зеҳн
Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа

АфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

ҳарфҳои ӯ гӯш надод ва фармуд, ки навозандагон бинавозанд, раққосаҳои зебо бирақсанд, хизматгорон хони шоҳиро бо таомҳои лазиз биороянд.
Худаш Элизаро аз гулбоғҳои муаттар гузаронда, ба тамошои ҳуҷраҳои бошукӯҳи қаср бурд. Валекин Элиза ҳамчунон ғамгин буд. Акнун подшоҳ дари ҳуҷраи хурдакакеро, ки дар назди хонаи хоби Элиза қарор дошт, кушод. Дар он ҳуҷра қолинҳои сабз овезон буданд ва ин манзара ғореро, ки Элизаро аз он ҷо ёфтанд, ба ёди кас меовард. Дар фарш бофтаҳои нахи газна меистоданд. Дар сақф куртаи зиреҳии бофтаи Элиза овезон буд. Ҳамаи инҳоро яке аз сайёдон бо худ оварда буд.

— Дар ин ҷо ту метавонӣ манзилҳои пешинаи худро ба ёд биёрӣ, — гуфт подшоҳ. — Ин ҷо метавонӣ корҳои худро давом бидиҳӣ. Шояд дар ин ҷо баъзан миёни хотираҳои пешинай худ шодиву хурсандии бикунӣ.

Чун Элиза подшоҳро дид, ки меҳрубон аст, ба сӯяш табассум намуд. Ӯ фикри раҳондани бародаронашро карда, дасти подшоҳро бӯсид. Подшоҳ бошад, дасти ӯро рӯйи қалбаш фишурда, амр дод, ки ба муносибати тӯйи хонадоршавиашон зангӯлаҳо занг бизананд. Паричеҳраи безабони ҷангалӣ акнун малика шуда буд.

Вазири дарбор ҳоло ҳам суханони бади худро
ба гӯши подшоҳ мерасонид, вале ин суханҳо ба

пешина
аз 26
навбатӣ